Боздошти як судя дар Душанбе барои гирифтани пора

Агентии зидди фасод як судяи Суди шаҳри Душанберо барои гирифтани пора аз як сокини пойтахт боздошт кардааст.

Дафтари матбуоти Агентӣ дар тасдиқи ин хабар мегӯяд, Халил Холиқзода, судяи Суди шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани ҳазор доллар пора дастгир гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин судя барои ба манфиати падари шаҳрванд "Б" ҳал намудани баҳси манзили истиқоматӣ, ки ин парванда дар истеҳсолоти ӯ қарор дорад, ба сифати пора маблағи 2 ҳазор доллар талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш ҳазор долларро қаблан гирифтааст.

Судя Холиқзода боқимондаи маблағро талаб намуда, ҷойи гирифтани пораро дар саҳни боғи Устод Рӯдакӣ таин кардааст. Ҳангоми гирифани маблағи боқимонда дастгир шуда, маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфт шудааст.

Мақомот мегӯянд, нисбати судяи Суди шаҳри Душанбе бо моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши он идома дорад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?