Боздошти сокини 24-солаи Душанбе бо беш аз 11 кг маводи мухаддир

Як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе барои муомилаоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки ин ҷавон “муддати муайян ба муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъадор машғул будааст”. Ӯро кормандони мақомоти милиса боздошт кардаанд.ж

“Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ дар дохили коғазхалтаҳо маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид, ки вазни умумии он 11 килою 848 граммро ташкил медиҳад”, - хабар додааст ВКД.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?