Боздошти ширкаткунандагони гирдиҳамоии мухолифон дар Боку (ВИДЕО)

Даҳҳо тан аз ширкаткунандагони тазоҳуроти мухолифон дар шаҳри Боку, пойтахтахти Озарбойҷон аз ҷониби пулиси ин шаҳр боздошт шуданд.

Ин гирдиҳамоии пурҷамъият, ки гуфта мешавад дар он садҳо тан ширкаткарданд ва зидди ҳамапурсӣ барои тағйири конститутсияи кишвар тазоҳурот карда буданд, рӯзи 17-уми сентябр баргузор шуд. Нерӯҳои мухолифи давлати Озарбойҷон зидди тағйироту иловаҳо ба констиутсияи кишвар садо баланд кардаанд, ки қарор аст ба Илҳом Алием ҳуқуқи дурудароз дар қудрат монданро диҳад.

Ин гирдиҳамоӣ бо ризояти мақомоти маҳаллӣ бо шиори “Нест бод шоҳаншоҳӣ! Анҷоми ғорат!” баргузор шудааст.

Бино ба иттилохи хабаргузориҳо шумори боздоштшудагон дақиқ нест. Вале гуфта мешавад, ки теъдодашон ба даҳҳо нафар мерасад. Мақомоти пулис расман аз ин боздоштҳо иттило пахш накардаанд. 26-уми июли соли равон Додгоҳи олии Озарбойҷон пешниҳоди баргузории ҳамапурсиро маъқул ва онро қонунӣ донист.

Ҳамапурсӣ ба Илҳом Алиев имкон медиҳад, ки ду бори дигар ба муҳлати 7 сол президент интихоб шавад. Ҳамчунин сунну соли интихоб ба парламон то 18 сола поин бурда шуда, ба вазифаи президентӣ бошад афроди синнашон ба 35 расида метавонанд номзад шаванд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки сокинони ин кишвар барои таъсиси вазифаҳои нав, аз ҷумла ноиби якум ва ноиби президент низ овоз медиҳад. Ду ноибро ҳам президент таъин ва дар сурати зарурат аз вазифа озод мекунад. Қарор аст ин ҳамапурсӣ рӯзи 26-уми сентябр баргузор шавад.

Аммо тазоҳуркунандагон талаб карданд, ки он лағв карда шуда, дар Озарбойҷон ислоҳоти сиёсӣ роҳандозӣ шавад, ҳукумат ҳамаи зиндониёни сиёсиро озод кунад, маоши кормандон ва нафақаи пиронсолонро ҳукумат боло барад.

Тазоҳуркунандагон аз мардуми Озарбойҷон даъват кардаанд, ки дар сурати лағв нашудани ҳамапурсӣ онро таҳрим кунанд. Онҳо мегӯянд Конститутсияи Озарбойҷон соли 2002 тағйир дода шуд, танҳо ба он хотир, ки Илҳом Алиев тавонад президент интихоб шавад.

Соли 2009 боз тағйир доданд, то вай дубора барои ду даври дигар президент интихоб шавад. Ҳамаи тағйирот ба қонуни асосӣ танҳо барои як нафарест, ки намехоҳад аз қудрат канор равад. Илҳом Алиев 13 сол аст, ки дар ҳокимият буда, соли 2018 муҳлати президентиаш тибқи конститутсия ба анҷом мерасад.

Аммо соли 2009 бо ворид кардани ислоҳот дар қонуни асосӣ ба вай имкони бе маҳдудият интихоб шудан ба ин симматро дода буданд. Алиев метавонад то абад президент бошад, аммо танҳо ба он шарт, ки ҳар бор дар интихобот интихоб шавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?