Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 2 тонна алюминий

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо қариб ду тонна алюминий дар марзи кишвра бо Қирғизистон боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ин шаҳрванди Тоҷикистон талош дошт дар мошини тамғаи “Ҳундай Портер” 1 тоннаву 800 кило алюминийро бидуни асноди тайидкунанда интиқол диҳад.

Қочоқбари алюминий дар постгоҳи марзии “Жаштик”-и ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Қирғизистон дастгир шудааст.

Ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса аснод барои оғози парвандаи ҷиноятӣ омода ва маҳсулоти мусодирашуда ва худи қочоқбар ба воҳидҳои Хадамоти гумруки минтақа супурда шудааст.

Мақомот исми боздоштшударо ифшо накардаанд.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?