Боздошти ронандаи фирорӣ баъди пахши пиёдагард дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ронандаеро боздошт кардаанд, бо мошинаш пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ҳодиса шоми 4-уми апрел тахминан соати 19:35 дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт рух додааст. Мақомот муайян кардаанд, ки ронандаи 27-сола бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” “ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С. Айнӣ аз тарафи кӯчаи Зебиниссо ба самти кӯчаи Мирзобеки шаҳри Душанбе суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, пиёдагард, марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷандро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.

Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 27-солаи сокини ш.Душанберо дар робита ба садамаи нақлиётии мазкур дастгир намуданд”, - мегӯянд дар ВКД. 

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?