Боздошти гуруҳи ғоратгарони мусаллаҳ дар Қурғонтеппа

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гуруҳе хабар дод, ки бо истифода аз  силоҳи оташфишон ва асбобҳои халандаву бурранда даст ба ғорати амволи мардум мезад.

Дафтари матбуотии ниҳод мегӯяд як поси шаби 7-уми сентябри соли равон гуруҳи ғоратгарон дар даст ҳар гуна силоҳ “вориди хонаи истиқоматии марди 49-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа шуда, ӯ ва аъзои оилааш: ҳамсари 49-сола, писари 17-сола ва духтари 15-солаашро мавриди латукӯб қарор дода, дасту пойҳояшонро баста, аз дохили ҳуҷраи хоби онҳо як адад сейфи оҳанин, ки дар дохилаш 48 000-доллари амрикоӣ пули нақд  доштааст, тасарруф намуда, бо истифода аз автомашинаи тамғаи “Хонда СР-В”, ки ба соҳиби хона тааллуқ дошт, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

 Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи роҳандозии корҳои фаврӣ кормандони милисаи шаҳри Қурғонтеппа  5 нафарро ба гумони даст доштан ба ин ҳамлаи ғоратгарона боздошт кардаанд. 4 нафари онҳо  сокинони ноҳияи Бохтар мебошанд, ки ду тани онҳо қаблан бо моддаҳои 200 ва 96 суд шудаанд ва як тани дигар сокини шаҳри Қурғонтеппа мебошанд.

Тафтишот муайян кардааст, ки ин панҷ нафар бо таъсиси гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар таърихи нишондодашуда, вориди хонаи сокини Қурғонтеппа шуда,  сейфи оҳанин, ки дар дохилаш 48000-доллари амрикоӣ пули нақд  дошт, тасарруф намуда, бо истифода  аз  автомашинаи тамғаи “Хонда СР-В”-и соҳиби хона аз ҷойи ҳодиса баромадаанд. Пас аз ин, автомашинаро дар маҳаллаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар гузошта, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” нишаста, сейфро ба хонаи аъзои гурӯҳ бурда, пинҳон мекунанд. Сипас, гумонбаршудагон қулфи дари сейфро  шикаста, аз дохилаш 48 000 доллари амрикоиро гирифта, байни худ тақсим кардаанд. 

Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршудагон сейфи мазкур ва як қисми маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъӣ мусодира шудааст.

Нисбати дастгиршудагон бо моддаи 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд. 
Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ҷабрдида Қурбон Зуҳуров корманди Хадамоти гумрук дар вилояти Хатлон будааст.

Назарҳо

У ки корманди Гумрук буд зуд ёфтанд, мо ки корманди ягон макомот нестему ва географияи хуб низ надорем 2-сол боз пули дуздидашудаи моро ки хатто дузд маълум аст аз Россия намедоранд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?