Боздошти ду нафар ба иттиҳоми дуздӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Бобоҷон Ғафуров

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 36-сола, сокини ноҳияи Панҷ хабар дод, ки ба дуздии махсусан калон гумонбар мешавад.

Дафтари матбуоии вазорат мегӯяд, ин боздошт баъди шикояти як зани 72-солаи сокини ҳамин ноҳия сурат гирифтааст. Ин зан мегуфт, ки шаби 7-ум ба 8-уми октябри соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 4-адад шиноснома, 24580-сомонӣ ва 49000-рубли русӣ, ҷамъ ба маблағи 30705-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Манбаъ хабар медиҳад, аз ҷониби кормандони милитсия дар гумонбарӣ ба содир намудани ҷинояти дуздии мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.

Ҳамчунин ин манбаъ аз боздошти як ҷавони 17-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар додааст, ки боз ҳам ба дуздии амволи шахси дигар муттаҳам мешавад. Номбурда шаби 8-ум ба 9-уи октябри соли равон аз хонаи сокини 46-солаи ноҳия ҷавоҳирот ба арзиши умумии 120 000-сомониро дуздидааст. 

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?