Боздошти бародари хурдии Фатҳуллоҳ Гулен дар Туркия

Бародари хурдии раҳбари тариқати “Хизмет” Фатҳуллоҳ Гулен бо ҷурми даст доштан дар табадуллот боздошт шудааст.

Дар ин бора хабаргузории туркии Anadolu иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи хабаргузорӣ, боздошти Қутбиддин Гулен  рӯзи 2 октябр сурат гирифтааст.Худи Фатҳуллоҳ Гулен ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст.

Руҳонии турк ва роҳбари тариқати “Хизмет” дар раҳнамоӣ ва ташкили кудатои 15-уми июли соли ҷорӣ дар Туркия, ки ғасби ҳокимият тавассути ҳабс ё куштори президент Раҷаб Тайиб Эрдуғонро дар назар доштааст, гумонбар дониста мешавад.

Ӯ, ки алҳол  дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад. Миёни ҳукуматҳои Туркия ва ИМА оиди боздошт ва истирдоди Гулен гуфтушунид меравад.
Фатҳуллоҳ Гулен миллиарддор ва руҳониёни маъруфи Туркия мебошад, ки исломи сиёсии устодаш Нурсӣ ва ҳаракати “Нурчилик”-ро дубора эҳё карда, шабакаи динии устувори “Хизмет”-ро созмон дод.

Ин тариқат ҳамчун "неруи нарм"-и Туркия ба низоми маорифи беш аз 20 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ворид шуда, тариқи имомҳои аз Туркия равоншуда идора мешавад. Панҷ мактаби ин тариқат дар Тоҷикистон низ фаъол буда, аксарияти тиҷорати туркҳо дар кишвар зери сарпарастии ҳамин тариқат сурат мегирад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?