Боздошти 80 даъватгари терроризм аз ҷониби Хадамоти амнияти кишварҳои ОМ

Хадамоти бехатарии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳандозии амалиёти ҳамоҳанг ва муштарак гуруҳеро боздошт карданд, ки ба даъвати афрод ба амалҳои террористӣ машғул буд.

Директори иҷроияи сохтори зиддимухаддиротии кишварҳои узви паймони Ҳамкориҳои Шонҳой Евгений Сисоев бо тайид ин хабар гуфтааст, ки “мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар соли 2015 аз амалҳои даъватии фиристодагони созмонҳои террористии байналмилалӣ пешгирӣ кардаанд”.

Сисоев ҳамчунин иброз доштааст, ки ин гуруҳҳо қарор буд бо убури марзи ин кишварҳо аз тариқи Қазоқистон ба Русия раванд.

РИА Новости, хабаргузории давлатии Русия бо пахши ин хабар аз қавли Сисоев навиштааст, ки соли гузашта хадамоти амниятии Русия (ФСБ) дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудудан 80 нафарро аз ин минтақа боздошт карданд, ки ҳамагӣ узви созмонҳои гуногуни террористӣ буданд.

Хадамоти амнияти милии Узбакистон ахиран иттилоъ дод, ки ҳашт нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони ин кишварро ба ҷурми ширкат дар амалҳои террористӣ ва даъват ба узвият дар ин созмонҳо боздошт кардааст. Ба муқобили чор узви созмони байналмилалии террористӣ тибқи моддаи қонуни ҷиноӣ-“Терроризм” парванда оғоз шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?