Боздошти 4 “Шумахер” ва дарди мансаббозӣ

Боздоштшудагон ба ҳабси 5-рӯзаи маъмурӣ гирифта шуданд

Шоми 13-уми сентябр моқомоти корҳои дохилии Тоҷикистон гуруҳи ронандагони ҷавонро, ки  дар пойтахт пойга мекарданд, боздошт карданд.  

Чор нафари боздоштшуда - Бахтиёр Раҳимови 27-сола, Бахтиёр Ҷабборови 29-сола, Алишер Камолови 28-сола  ва Одил Зокирови 31 -сола дар роҳи мошингарди қад-қади “Наврӯзгоҳ” (ипподроми собиқ ) пойга мекарданд, -хабар медиҳад ВКД.

Онҳо боздошт шудаанд. Мошинҳои онҳо дар таваққугоҳи ҷаримавии РБДА-и шаҳри Душанде ҳабс шуда, бо қарори суд ин чор нафар 5 шабонарӯз дар ҳабси маъмурӣ хоҳанд буд.

Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, онҳо натанҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, балки бо суръати ҳаддалимкон мошин ронда, дар роҳ вазъи садамавӣ ва хатарзо офаридааанд.

Роҳе, ки ин ҷавонон ва ҷавонҳои дигар пойга мекунанд, барои ин кор хеле қулай аст. Ҳам кормандони БДА нестанду ҳам камераҳои “Шаҳри бехатар”. Онҳо танҳо нафароне нестанд, ки ин ҷо пойга мекарданд. Ин роҳ ҳамчун ҷойи пойгаи писарони мансабдорони воломақом ном бароварда аст.  

Аммо ин чорнафара, ки ахиран боздошт шуданд, онҳо ҳам, ба гумони ғолиб боздошт намешуданд. Албатта агар зинда мемонаданд, садама намекарданд, ё баъди пойга хархашаю бадмастӣ намекарданд, ба ҳар сурат мерафтанд ними шаб ба хона ва касе онҳоро чизе намегуфт. Агар садамаи 10-уми сетябр рух намедод.

Ба боздошти ин чорнафара, ба гумони ғолиб садамаи писари ноиби Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид сабаб шуда, ки мақомотро ҳушдор дод. Вагарна чунин пойгаҳои шабона дар роҳҳои мошингарди пойтахт ҳодисаи чандон нодир нест.

Қонун шояд барои ин навъи қонунвайронкунӣ ҳабси панҷрӯза ё камтару бештареро пешбинӣ карда бошад. Дуруст аст, ки ҷазои нафароне, ки барои кайфи худ ҳаёти дигаронро зери хатар гузоштаанд, сангинтар бошад.

Аммо саволи дигар ин аст, ки чаро мақомот аз пойгачиёни боздоштшуда зуд хабар доданд, дар ҳоле, ки қазияҳои марбут ба мансабдорон, ё наздикони онҳоро пинҳон медорад.

Садамаи писари Ҳукумов, ҷияни Амирқул Азимов, ахиран садамаи писари Давлаталӣ Саидов ҳам танҳо баъд аз он ки журналистон ба он пай бурданд, ошкор карда шуд. Ҳол он ки дар пайи ин садама ду нафари комилан бегуноҳ ба ҳалокат расид.

Агар мақомот мустақилона рафтор кунанд, аз мансаббозиву шиносбозӣ ва рӯйпӯшкунии айби ин ё он нафари воломақом худдорӣ карда, ҳамаро ба як чашм, ба чашми қонун нигоҳ кунанд, бовар аст, ки чунин ҳодисаҳо натанҳо кам мешаванд, балки ба тадриҷ аз байн хоҳоанд рафт.      

Аммо кай мо аз дарди мансаббозиву хотирбинӣ раҳо хоҳем шуд?

 

Назарҳо

Ташакуру ахсан ба tojnews. Дар байни хамаи статёо дар хаминбора будагиш, ай хама бехтаринаш хамин. Лекин, хамчун хонандаи доимиатон хохиш ва талаб хам мекунам ки то лахзаи охирони хамин мавзуъ ба МО иттилоъ бидихед. Илтимос.

Шояд шумо суол ё назаре доред?