Боздошти 2 сокини Шаҳринав барои интиқоли қариб 5 кг героин

Ду сокини 36-солаи ноҳияи Шаҳринав бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин нафарон 7-уми июн  дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони милитсияи Раёсати ВКД дастгир гардиданд.

“Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо, дар маҷмӯъ 4 килою 812 грамм маводи нашъадори навъи героин дарёфт ва мусодира карда шуд.”

Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?