Боздошти 14 тан бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни Салафия

Мақомоти Ӯзбакистон 14 тан аз шаҳрвандони ин кишварро, ки дар давоми солҳои охир аз хориҷ баргаштаанд, бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни мамнуъи Салафия боздошт кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳо ин нафарон дар чанд вақти охир дар кишварҳои арабиву ИМА ба тадрис ва мардикорӣ машғул будаанд.

Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ истинодан ба манобеъи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар хабар додааст, ки ин нафарон дар маҳаллаҳои Ракат, Себзор, чойхонаи Салом ва Аҷар Ариқи шаҳри Тошканд ба сар мебуранд. Ҳамаи бозоштшудагон ба узвият дар созмони мамнуъи Салафия айбдор мешаванд. 

Иддае аз ин афрод ҳанӯз се сол пеш аз хориҷ баргашта буданд ва иддаи дигар ба тозагӣ вориди Ӯзбакистон шудаанд.

Манбаъҳои наздик ба неруҳои интизомӣ гуфтаанд, ки дар миёни боздоштшудаҳо ҷавононе ҳастанд, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб кор мекарданд ва таҳсилдидагон аз ҳисоби хазинаи давлатии “Умед” дар ИМА низ уданд. 

Ин радио истинодан ба гуфтаи баъзе шоҳидон хабар додааст, ки мақомот моҳи сентябри соли гузашта шаҳрванд Ш.Х-ро, ки аз ИМА бозгашта буд, дастгир карданд. Зарфи ин чор моҳ вай зидди дигарон шоҳидӣ додааст. Аммо дар асл ҳарчанд ин афрод намозхон буданд, вале узвияте ба ҳеч ҷараёни диниву экстремистӣ надоштанд.  

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?