Боздошти 14 имомхатиби "салафӣ" ва "ихвонӣ"

Сулаймон Болтуев, яке аз имомхатибони зиндонӣ

Дар соли равон алайҳи 14 имомхатиб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар ин бора имрӯз 12-уми июл масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар як нишасти хабарӣ доданд.

Ҳусейн Шокиров, як масъули Кумитаи дин гуфт, аз 14 имомхатиби боздошшуда танҳо 2 нафарашон  ҳангоми фаъолият боздошт шудаанд. Боқӣ ё қаблан аз вазифаашон барканор шуда буданд ва ё аз комиссияи атетсатсионӣ афтида буданд.

Ҳарчанд дар Кумитаи дин аз шарҳи сабабҳои боздошти имомхатибон худдорӣ мекунанд, аммо имомхатибон асосан бо ҷурми узвият дар равияҳои мамнуъи “Салафия” ва “Ихвон-ал-муслимин” ба зиндон рафта буданд.

Танҳо аз вилояти Суғд 7 нафар аз имомхатибон бо ҷурми узвият дар созмони мамнуъи “Ихвон-ал-муслимин” аз 3 то 4 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳамчунин Тоҳир Ашӯров, имомхатиби имомхатиби маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб, ки ҳамчун ҷойгузини Ҳоҷӣ Мирзо, руҳонии маъруф ном бурда мешуд низ бо ҷурми узвият дар равияи мамнуъи “Салафия” барои 6 сол ба зиндон рафт.

Шояд шумо суол ё назаре доред?