Боздошт барои дуздидани нӯшокии спиртӣ

Ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми дуздии нӯшокиҳои спиртӣ боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин нафарон яке 19 ва дигарӣ 38 сол дошта, 5-уми июн аз як мағоза маводи хӯрока ва нӯшокии спиртӣ дуздидаанд.

“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 05.06.с.2016, шахсони номаълум аз мағозааш маводҳои хӯрока ва нӯшокиҳои спиртиро ба маблағи 6000  сомонӣ дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.”

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?