Боздиди намояндагони Порлумони Британия аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Вазири Умед Давлатзод бо намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида ҷаноби Найҷел Миллс ва Пол Монангон баргузор шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ниҳод дар ин дидор ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стэнли Филпотт низ ширкат кардааст.

Манбаъ мегўд, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо атрофи масъалаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, вазъияти бонкҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, туризм ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Дар назар аст, ки намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида ҷаноби Найҷел Миллс ва Паул Монангон имрўз, 26 октябри соли ҷорӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти субъектҳои он аз наздик шинос шаванд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?