Боздиди Қоҳир Расулзода аз раванди бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2

Сарвазир Қоҳир Расулзода аз раванди бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 аз наздик шинос шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 18-уми август баъди боздид аз Марказ Қоҳир Расулзода бо ситоди сайёри омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ҷаласаи корӣ баргузор кардааст.

Дар ситод масъалаи ба кор андохтани агрегати якуми навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, бунёди хатҳои  интиқоли  гармӣ  дар ҳудуди пойтахт, нуқтаҳои гармидиҳӣ ва захира кардани ангиштсанг барои кори муназзами  Маркази  барқу  гармидиҳӣ баррасӣ шуд.

Татбиқи   лоиҳаи бунёди  навбати дуюми  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе- 2 дар асоси созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардида, бо дарназардошти  лоиҳаи татбиқшудаи   навбати  аввали  маркази барқу гармидиҳӣ  иқтидори он ба 400 мегаватт баробар хоҳад шуд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?