Боздиди Қоҳир Расулзода аз раванди бозсозии нақби “Истиқлол”

Сарвазир Қоҳир Расулзода ба нақби “Истиқлол” сафар карда, бо раванди корҳои барқарорсозӣ аз наздик шинос шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Қоҳир Расулзода 11-уми август аз нақб дидан карда, масъулинро вазифадор кардааст, ки марҳилаи дуюми навсозии нақб, ки аз пешбурди корҳои равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошад, зудтар оғоз кунанд. Ҳаракати нақлиёт ба воситаи нақб аз даҳаи сеюми моҳи июн муваққатан қатъ карда шудааст. Танҳо барои мошинҳои гаронвазн иҷозат аст, ки шабона аз нақб истифода кунанд.

Марҳидаи якуми навсозии нақб, ки иборат аз бетонпӯш кардани қабати болоии роҳи мошингарди нақб мебошад, ҳоло идома дорад. То ҳол ҳудуди 9 ҳазору 992 метрро бетонпӯш кардаанд, ки ин кор то имрӯз дар масофаи 5 ҳазору 320 метри роҳ аз ду ҷониби хатти ҳаракат анҷом дода шудааст.

Дар ин баробар мутахассисон барои маҳкамп кардани маҷрои обҳои зеризаминӣ низ машғуланд.

30-юми июл масъулини вазорати нақлиёт дар як нишасти хабарӣ гуфта буданд, ки то ҳол 37%-и нақбро таъмир кардаанд ва ҳар рӯз то 150 метрро навсозӣ мекунанд. Вазорат қасд дорад, ки то охири моҳи октябр корҳои бозсозиро ба итмом расонад.

Корҳои таъмиру тармими нақб бидуни насби таҷҳизоти рушноидиҳанда мебошад. Вазорати нақлиёт мегӯяд, ки барои насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда агар бо Эрон ба мувоффиқа расанд, пас ба нақша хоҳанд гирифт.

Нақби “Истиқлол”-ро, ки соли 2006 бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон ба истифода дода буданд. Нақбро ширкати “Собир”-и Эронӣ сохтааст. Соли 2003 барои идомаи сохтмони нақб миёни Тоҷикистону Эрон ба маблағи 120 миллион сомонӣ шартнома ба имзо расида буд. Аз ин ҳисоб 64 миллион сомонӣ ба тариқи қарз ва 30 миллион бурс аз ҷониби Эрон ва боқимонда маблағ ҳамчун ҳиссаи Тоҷикистон таъмин гашт.

Copyright © 2015 TojNews 

 

Назарҳо

агар эрон пул дихад агар эрон кумак кунад,агар эрон...агар эрон...як ору номус доредми!!!?..агар аз руи адолат гуем боки монда кор ва таьмиру тамчидро ширкати пулчинак бояд кунад!!!харруза миллионхо сомон чамь мекунад!!лекин шумо хамон лампарохам аз эрон гадои кунед!!...

Шояд шумо суол ё назаре доред?