Боздиди Қоҳир Расулзода аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар вилояти Хатлон

Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон аз раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дидан кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 2-юми июл Қоҳир Расулзода аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ ва мавзеи наздик ба калани Чубек шинос шудааст. Мустаҳкам кардани соҳилҳо аз хатари обхезиҳо бо маблағгузории  Ҳукумат аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ анҷом дода  мешаванд.

Дар сарбанди канали Чӯбек  бо мақсади таҳкими  соҳили ин иншооти обрасон 240 адад хиштҳои калонҳаҷми бетонӣ хобондаанд, инчунин барои эҳтиёт боз 100 адад чунин масолеҳи соҳилбандӣ захира  шудааст, - омадааст дар хабари расмӣ.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?