Боз як варзишгари тоҷик соҳиби роҳхати олимпӣ шуд

Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Ӯ панҷумин варзишгари тоҷик мебошад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-Де-Жанейро гардид.

Бино ба иттилои Рашид Саидов, муовини раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Атабоеви 23-сола дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ба мисли аввалин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон соли 2010-ум дар Сингапур ва Бозиҳои XVII осиёӣ соли 2014-ум дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. Вай таҳти раҳбарии мураббиён Ӯлмас Олимов ва Галина Карамишева тамрин мекунад.”

Даврон Атабоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.

Даврон Атабоев панҷумин варзишгари тоҷик аст, ки  ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст.Қаблан варзишгарони маъруфи тоҷик: Дилшод Назаров, Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Анвар Юнусов соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимии Рио-де-Жанайро гардида буданд.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев мегӯяд, ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ, гуштии озод ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?