Боз як пайрави ДИИШ дар Душанбе 12 сол зиндонӣ шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар роҳ ба Сурия дар Миср боздошт шуда буд, дар Душанбе 12 сол зиндонӣ шуд.

Бино ба иттилои масъулини Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳрвнад “С.У.” 24-уми июли соли равон дар фурудгоҳи Шарм-ул-Шайх дар Миср зимни сафар ба Туркия боздошт мешавад. Мақомоти Миср барои пешниҳод кардани маълумоти бардурӯғ ба ӯ шубҳа карда, дастгир мекунанд. 5-уми августи соли равон ба Душанбе истирдод мешавад.

Мақомот мегӯяд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон қасд дошт, ки барои ширкат дар ҷангҳо алайҳи ҳукумати Сурия ба воситаи Туркия ба ин кишвар равад. Тибқи маълумоти тафтишот, ин нафар оғози соли 2015 барои мардикорӣ ба шаҳри Маскави Русия рафтааст.

Дар суд муайян кардаанд, ки дар Русия бо даъвати Рауф Акбаров, сокини деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт барои ширкат дар “ҷиҳод” ризо мешавад. Моҳи майи соли равон бо мақсади ба Сурия рафтан, ҳамроҳ бо Муҳаммад Атабоев, зодаи маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе ба Ҷумҳурии Мисри Араб сафар мекунад.

Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯянд, ки дар Миср ӯро Бахтиёр ном шахс, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тахминан 30-35 сола, ки соҳиби сехи дузандагӣ мебошад дар таҳхонае бо ҷои хоб таъмин мекунад. Дар ин ҷо ҷавон аз Тоҷикистон ниҳ ба сар мебурдаанд, ки қасди сафар ба Сурияро доранд.

“С.У.” Зимни сафар ба Туркия дар фурудгоҳ боздошт мешавад. Бояд дар Туркия ӯро нафаре пешвоз гирифта, барои гузаштан ба хоки Сурия раҳнамоӣ мекардааст.

Ҳамин тавр суд дар асоси моддаҳои 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят), ва моддаи 401 прим 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста , 12 сол равонаи зиндон мекунад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?