Бонуи мусалмон дар Челябинск маъбади харобро харида ба насрониён тақдим кардааст

Бонуи мусалмон Галия Исекеева, сокини вилояти Челябинск дар ноҳияи Троитс бинои калисои Николаеви муқаддасро, ки замоне бо дастури  императори охирини рус  сохта шуда буд, харидорӣ кард ва онро ба усқуфнишини маҳал тақдим намуд. 

РИА Новости истинодан ба усқуфнишини Урали Ҷанубӣ навиштааст, ки ин калисо соли 1895 бо дастури шахсии шоҳ Николайи II сохта шуд ва то расидани қадами болшевикон дар соли 1917 фаъолият мекард. Замони инқилоби Ленин калисоро ғорат карданд ва баъдан онро ба анбори молҳои хоҷагӣ табдил доданд. Баъдан дар дохили он як ошхона ҳам сохтанд, ки то миёнаҳои солҳои 1980 фаъол буд. Дар айни замон вай объекти мероси фарҳангӣ номида мешавад. 

Сокини ҳамин маҳалла Галия Исекеевнаи мусалмон бино нимавайронаро харидорӣ кард ва мехост онро ба мағоза табдил диҳад, вале чун аз таърихи ибодатгоҳ огоҳӣ ёфт, онро ба усқуфнишин тақдим кард. Ин ҳафта сокинони маҳал барои барқарории ибодатгоҳ даст ба кор шуданд ва аллакай хеле корҳои ободониро анҷом доданд. Умед аст зарфи ду ҳафтаи оянда корҳои тармим дар он ба анҷом мерасад ва авваалин ибодат ва ниёшҳо баргузор мешаванд,- гуфтааст ба хабаргузорӣ яке аз сокинони маҳал.  

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки маъбад дар рустои Черноречие ҷойгир аст ва дар атрофи он калисои дигаре нест. Ободии маъбад кори ибодатгаронро осон хоҳад кард.  Ҳоло дару девори маъбадро обод карданд, тирезаҳо часпониданд, вале болои он нопӯшида аст. Аммо роҳибони Урали Ҷанубӣ барои ин маъбад гунбад ва тасвири Николайи Муъҷизакорро тақдим кардаанд. 

Назарҳо

Русхо православный хастанд церковь доранд.баптистхо дом молитвы доранд.калисо чои ибодати католикхо хаст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?