Бонки рушди АвруОсиё аввалин бахши қарзи 40 миллиондоллараро ба Тоҷикистон ироа кард

Бонки рушди Авруосиё аввалин бахши қарзи молиявӣ ба Тоҷикистонро ба маблағи 20 миллион доллари ИМА ирсол кард.

Дар ин бора дафтари матбуотии ин бонк иттилоъ дод.

“Қарор дар мавриди интиқоли аввалин бахши қарзи мазкур бар асоси иҷроиши ҳамаи шартҳои пешакии он, ки Шӯрои Бонки рушди Авруосиё 8-уми джекабри соли гузашта ироа карда буд ва Муоҳадаи қарзии имзошуда дар таъризи 15-уми августи соли 2016 миёни Бонк ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд”,- гуфта мешавад дар хабар.

Рӯзи 15-уми августи соли равон дар шаҳри Маскав Раиси идораии Бонки рушди Авруосиё Дмитрий Панкин ва вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ин муоҳадаро имзо карда буданд. Мебоист ин 40 миллион доллар дар ду навбат дар ҳаҷми 20 миллиондолларӣ дода мешуд.

Маркази матбуотии Бонки Авруосиёии рушд хабар дода буд, ки Тоҷикистон амалан шартҳои додани қарзро, ки Шӯрои бонки мазкур дар таърихи 8-уми декабри соли 2015 ироа карда буд, иҷро кардааст.

Ин маблағ бояд барои боло бурдани суботи иқтисодӣ дар баробари шокҳои беруна аз тариқи татбиқи сиёсати эҳтиёткоронаи пуливу қарзӣ ва буҷетӣ, ҳамчунин ислоҳоти сохторӣ сарф шавад.

Ҳоло тадбирҳое барои таҳким ва рушди сектори молиявӣ, боло бурдани самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва беҳбуд бахшидан ба фазои сармоягузорӣ андешида шудаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?