Бонки миллӣ: Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон муътадил аст

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки сатҳи таваррум дар кишвар нигаронкунанда нест.

Бино ба маълумоте, ки сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи таҳлили маълумоти омори расмӣ нашр кардааст, “сатҳи таваррум дар кишвар нисбатан устувории худро нигоҳ дошта, дар интиҳои моҳи октябри соли ҷорӣ 0,5 фоизро ташкил намуд.

Нишондиҳандаи мазкур дар моҳҳои январ-октябри соли равон бошад, 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 банди фоизӣ камтар аст. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки таваррум дар зарфи 12 моҳ ба 5,4 фоиз баробар шуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ пасттар мебошад.

Яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон чун моҳҳои гузаштаи соли равон бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад”.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?