Бонки миллӣ: Минбаъд ташкилотҳои қарзӣ қурби долларро муайян мекунанд

Минбаъд қурби хариду фурӯши доллар аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ муайян карда мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ин тасмим аз 26-уми октябр “бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши долл. ИМА-и нақд ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан” гирифта шудааст.

“Тибқи ин дастур, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бояд қурби харид ва фурӯши долл. ИМА-и нақдро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар ва амалӣ намоянд”, - мегӯянд дар Бонки миллӣ.

Дар БМТ таъкид мекунанд, ки вазъи бозори нақдиро ҳамеша зери назорат дошта, “дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва беасос баланд кардани қурб, чораҳои қатъии таъсиррасонӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳад андешид”.

Моҳи апрели соли равон Бонки миллии Тоҷикистон барои ба эътидол овардани бозори асъор фаъолияти саррофиҳои хусусиро манъ кард. Танҳо ба саррофиҳое иҷозат ба кор додаанд, ки зертобеи ташкилотҳои қарзӣ шудаанд. Ба ин роҳ Бонки миллии Тоҷикистон талош мекард, ки саррофиҳоро зери назорат бигирад.

Ҳоло 100 доллари ИМА дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе бо 686 – 688 сомонӣ иваз карда мешавад. Аммо дар тоблуҳои саррофиҳо беш аз 4 моҳ аст, ки қурби доллар 6,56 сомонӣ нишон дода шудааст.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Бонки милли экдоми хуб набаровард инак курби долар аз хисоби ин ташкилотхо манаполя шуда ва бехад баланд шудан мегирад. Бонки милли акнун барои ин икдомаш аз ин доля мегирад ва ба кисаи мардум чабр хохад шуд.
Мегум хами бонки милли ягон майда фикри камбагалора фикр мекуна ё не ......... Агар доллар баланд шавад бо ин приёми кардагишон мо мардуми мухочири Руссия дигар намедонем чикор кунем .......
Чи тавре ки медонед, иктисоди Точикистон аз мухочирон вобастагии сахт дорад. Мисол: Соли гузашта рубли руси нисбати доллар ба 30 рубл баробар ва як доллари ИМА дар Точикистон ба 5 сомони баробар буд. Айни замон як доллар ба 62 рубл баробар ва як доллар ба 6,85 сомони баробар аст. Бинед, ки БМТ чи тавр фаъолият мекунад, яъне дар як сол рубли руси 100% бекурб шуд, сомони бошад тақрибан 37% бекурб шуд. Ҳоло он ки дар Казокистон 37% дар як руз пули миллиашон бекурб шуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?