Бонки миллӣ: Дар моҳи феврал вазъи бозори асъор мӯътадил гардид

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳи феврал вазъи бозори асъор мӯътадил шуда, нархи чандин маҳсулотҳо арзон шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар моҳи феврал вазъи бозори дохилии асъор мӯътадил шуда, устуворшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ ба назар расид. 

-Ба коҳишёбии нархи молу маҳсулотҳои асосии воридшаванда, хусусан орд, шакар, равған, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нафтӣ (бензин ва гази моеъ) ва ғайра таъсир расонид. Дар ду моҳи соли равон арзоншавии нархи гӯшти гов ва гӯсфанд, биринҷ, картошка, сабзӣ, шир, тухм, орди навъи якум, ангишт ва бензин ба қайд гирифта шуд, ”-мегӯяд манбаъ. 

Бонки миллӣ дар ҳоле аз мӯътадил шудани бозори асъор хабар медиҳад, ки қурби расмии асъори миллӣ аз 5,30 сомонӣ то 7.86 сомонӣ паст шудааст. Инчунин 9-уми март Парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ҷазо  барои муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷиро сангинтар кард.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Агар бонки милли воқеан мехоҳад ки қурби долларро паст кунад бояд аз ҳама пеш кормандони бонкро ҷазо диҳад. Чунки ҳаммаи саррофон пеш аз бекор шуданашон ва ҳоло низ ки пинҳони кор карда истодаанд мегуянд ки мо долларро аз бонкҳо мехарем ва онҳо чанде бихоҳанд ба мо мефурушанд.Саррофе гуфт ки худи бонкҳо мисол агар қурби доллар 800 бошад бонкҳо мегуянд ки 805 чи қадаре бошад биёрад мегирем мегуянд ва рузи дигар боз бо 810-815 ба худамон мефурушанд .
Хок! Ҳамаш руякӣ! Бонкдорон ура карда пул кардестанд

Шояд шумо суол ё назаре доред?