Бонки миллӣ: Бақияи пасандозҳо 24,2% афзоиш ёфтааст

Дар интиҳои моҳи майи соли равон бақияи пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2% афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, бақияи пасандозҳо дар панҷ моҳи аввали соли равон зиёда аз 9 млрд. сомониро ташкил дода, аз он 3 млрд. 195,3 млн. сомонӣ бо пули миллӣ ва 6 млрд. 404,1 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ гузошта шудааст.

Тибқи ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон 40,3 фоиз ё 3 869 млн. сомонии таркиби бақияи пасандозҳоро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 59,7 фоиз ё 5 730,4 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳи сипаришуда бо пули миллӣ 16,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10,54 фоизи солонаро ташкил намудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?