Бонки миллӣ ба бозор доллар ворез кард

Барои пешгирӣ аз беқурбшавии сомонӣ, ки рӯзҳои ахир суръат гирифт, Бонки миллӣ ба бозори асъор пул ворид кардааст.

Дар бархе аз нуқтаҳои саррофӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Бонки миллӣ доллар ба фурӯш гузошта шудааст, мардуми зиёд барои иваз кардани сомонӣ ба доллар навбат мепоянд.

Аз ҷумла дар нуқтаи саррофӣ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 15 даҳҳо нафар дар навбат барои иваз кардани пул истодаанд.

Дар ин нуқтаи саррофӣ 1 евро баробар ба 6,95 сомонӣ, 1 доллар баробар ба 5,62-5,65 ва як рубли русӣ баробар ба 0.077,20 сомонӣ мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аксар нуқтаҳои саррофии шаҳр доллар ва рубли русӣ камёфт гардидааст.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?