Бонки исломии Рушд барои CASA-1000 $70 миллон сармоягузорӣ мекунад

Бонки Исломии Рушд барои иҷрои тарҳи CASA-1000 ба Тоҷикистон 70 миллон доллар қарз ҷудо кард.

9-уми октябр миёни Тоҷикистон ва Бонки Иломии Рушд барои сармоягузорӣ дар тарҳи CASA-1000, ки аз ин тариқ нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои Ҷануби Осиё-Афғонистон ва Покистон интиқол дода мешавад, созишномае ба мабла 70 миллион доллари ИМА  ба имзо расид.

Ин созишномаи тавассути Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон ва Аҳмад Алӣ Муҳаммад, раиси Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Лима, пойтахти Перу ба имзо расидааст.

Дар охири моҳи июл чунин созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои қарзи 110 миллион доллар ба имзо расида буд.

Ҳамзамон Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои иҷрои ин тарҳ дар оянда бо ЮСАИД ё Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониё ҳам созишномаҳое оид ба сармоягузорӣ ба имзо расонад. Саҳми ЮСАИД  дар иҷрои ин тарҳ 7.5 миллион доллар ва аз вазорати рушди байналмилалии Бритониё 38 миллиону 600 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад.

Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 миллиард доллар аст. Масрафоти он ба ин тартиб муайян шудааст: Тоҷикистон 314 миллион доллар, Қирғизистон 209, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар.  Ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа 15 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Copyright @2015 TojNews   

Назарҳо

Хиссаи Точикистон 11 млн бошад, пас 70 миллионро чи кор мекунад?

Шояд шумо суол ё назаре доред?