Болдӣ: Пайравони Мусову Исо ва Муҳаммад низоми молии бидуни рибо бисозанд

Мудири иҷроияи Иттиҳоди Фаронсавӣ-Амрикоӣ дар умури молии исломӣ ( Franco-American Alliance for Islamic Finance FAAIF) аз пайравони се дини Иброҳимӣ хостааст, ки ба хотири аз байн бурдани рибо (протсент), ки дар китобҳои осмонияшон ҳаром эълон карда шудааст, якҷоя талош кунанд.

Ба гузориши хабаргузории CNN- и ИМА, Комила Болдӣ, мудири иҷроияи Иттиҳоди Фаронсавӣ-Амрикоӣ дар умури молии исломӣ (FAAIF), пажӯҳишгар ва мутахассису мушовири умури молии исломӣ гуфтааст, ки Рибо дар Қуръон, Таврот ва  Инҷил ҳаром эълон шудааст, аз ин хотир пайравони ин се китоби осомониро зарур аст, ки ба хотири бунёди низоми молии бидуни рибо ва бархоста аз китобҳои осмониашон талош кунанд. 

Болдӣ дар як матлаби илмиаш асоснок кардааст, ки иқтисоди кунуние, ки қарз болои қурз рушд карда истодааст, имкон надорад, ки рушди ҳақиқӣ дошта бошад, балки он ба қарздоршавӣ ва паст шудани қурби арзҳо оварда мерасонад. Ин низоми молӣ боис шудааст, ки мардум аз вазифа, ҷойҳои корӣ ва хонаҳои худ зарар дида, дар қарз ғарқ шаванд. Дар ҳолест, ки маблағгузории исломӣ бар асоси усулҳои боэътимод ва иқтисоди тавсеаёфта бунёд шудааст. Низоми иқтисоди исломӣ “ҷавҳари рисолати тамоми паёмбарон”-ро аз Мусову Исо, то Муҳаммад инъикос мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон низоми бонкдории исломӣ бо суръат дар ҷаҳон рушд карда истодааст, пайравони ин се дини осмонӣ аз ин фурсати муносиб истифода карда, низоми молии ягонаи бидуни протсент сохтанашон лозим аст.

Дар идомаи ин матлаб зикр шудааст, ки на танҳо низоми иқтисоди исломӣ ахлоқмеҳвараст, балки он ба ҳисси солим, шаффофият ва осудахотирӣ асос ёфтааст. Бар илова, динҳои яҳудиву масеҳӣ риборо ҳаром эълон карда буданд ва ислом омада ин ҳукми китобҳои қаблиашро таъкид ва чорчӯбаашро муайян кард. Ҳатто файласуфи машҳур Арсату, ки пеш аз Исои Масеҳ зиндагӣ мекард, рибо ва ё худ фоидаи безаҳмати молро роҳи ғайри табии даромад тавсиф карда буд.

Олим БобоевОлим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии  Тоҷикистон, ки низоми молии рибомеҳварро таҳқиқ кардааст, дар як суҳбаташ гуфт, ки ин низом дар ҷаҳон ба хусус дар Тоҷикистон зараровар мебошад. Ин механизми молие, ки мо зиндагӣ дорем ин тамоман механизми дигар аст. Аксар қонунҳое, ки Тоҷикистон дар ин соҳа қабул кардааст, қонунҳои воридотӣ мебошанд. Чунин қонунҳо аз ҷониби гуруҳҳои молии ҷаҳонӣ таҳия гардида, Тоҷикистонро тавсия ё маҷбур мекунанд, ки шумо инҳоро қабул кунед.

Вай афзуд: илми иқтисоди имрӯза дар ҷаҳон бар асосе ташкил ёфтааст, ки талаботи инсон беинтиҳост ва моликият ломаҳдуд аст, ягон маҳдудият ба истеъмолоту моликият вуҷуд надорад. Моликият агар бемаҳдуд бошад, он зараровар аст. Дар фарҳани миллӣ ва исломии мо системаи андоз ва закот бемаҳдудиятии моликиятро манъ мекунанд. Барои мисол, агар моликият ба нисоб бирасад, аз он 2,5% закот дода мешавад.

Ба гуфтаи Олим Бобоев, дар менталитети мо маҳдудият дар истеъмолот ҳаст, чунки мо ҳамчун мусалмон исроф, ҳаром ва ҳалол чизҳое дорем, ки дар тамойили истеъмолоти мо ифода меёбанд. Ҳамин чизҳо тамоюли истеъмолии моро камтар ва тамоюли ҷамъ кардану пасандоз кардани моро зиёдтар мекунад. Аз ин чиз мо бояд маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ кунем. 

 

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?