Бо Толиби Сангин... Ёдаш гиромӣ бод!

Марҳум - Толиби Сангин

Хабари марги ногаҳонии Толиби Сангин сахт таконам дод. Агарчи марг кӯбандаи ҳамаи дарҳост ва барояш тифлу наврасу ҷавону пиру бемору солим фарқе надорад. Марг роҳест, фурсатест барои нақли макон аз ин шаҳр ба шаҳри Худо...

Толибро аз замони дар ҳафтаномаи “Сипар” кор карданам мешинохтам. На, ӯ ба мо онҷо ҳамкорӣ надошт. Бо Ҳусейн Лаҳаеву Маҳмадулло Асадуллоев дӯстӣ дошту бо маслиҳат консерти хайриявиеро барои фарзандони ятиммондаи кормандони милитсия, ки дар айёми ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ҳалок гардидаанд, ба роҳ монда буданду корашон барои маблағе ба моҷаро кашид. Толиб даъво карда буд, ки 500 сомонияшро хӯрдаанду ин маблағ барои ӯ муҳим аст. Охири кор Ҳусейн Лаҳаев, ки аслан дар масрафи он маблағ ҳеч дасте надошт, хеле азоб кашиду он маблағро ба он марҳум супорид ва гунаҳкорони аслӣ аз об хушк баромаданд...

Маротибаи дигар Толиб ҳамкори мо дар “Имрӯзнюз” шуд. Шояд ду-се моҳ кор кард ё камтар аз ин. Чанд навиштаи хурдаш (талаби рӯзнома қисорнависӣ буд) ба чоп расида буду баъди рафтан аз кор рӯзе омаду ҳаққи қаламашро гирифт...

Дигар ӯро муддатҳое надидам. Баъдан вакили корхонаи марҳум Аброри Зоҳир шуд ва ба он нависанда зиёд кӯшиданд, ки Шоира Абдуллоевар аз дукони китобфурӯшияш ихроҷ кунанд. Ин зан барои таблиғи китобу китобфурӯшӣ дар кишвар пас аз ҷанги нақши муҳиме дорад. Шикоёти Шоира Абдуллоева рӯзнома ба такрор чоп кард ва ба муқобили рӯзномаву кормандон номаҳои эътирозӣ ва шикоятиро ба додгустарӣ ва ғайра вакил Толиб менавишт.

Ногузир ба Толиби марҳум мулоқот кардаму зиёд аз ӯ хоҳиш кардам, ки даст аз сари он зани бечора бардорад ва ҳамчун рӯзноманигору аҳли мутолиаву аҳли қалам хидмати ӯро дарк кунад. Ваъда дод, вале...

Албатта бо иқтизои пешааш ва талаби корфармои худ шояд ногузир буд, ки хоҳиши моро дар ин маврид нодида бигирад.
Инҳо, ки мегӯям хотироти парешони ман аз ин ҷавонмарди зебову огоҳ аст. Албатта аз ҳамкориҳояш бо Зафари Саид низ чизҳое шунидаам, ки зарурати ёд кардан нест ва бигзор, - агар фурсат ёбанд – худи Зафар хотирае бинвисанд.

Нуктаи ҷолибе, ки дар замони ҳамкорӣ аз Толиб шунидаам ин буд, ки ба ман гуфт:
- Исфандиёр, ман бачаамро насиҳат намекунам, ки “баодоб шав, ҷанг накун, мушт ба сари касе набардор!” Ҳамин насиҳати аҳмақона бачаҳои моро тарсу кардаасту онҳоро мавриди таънаи одамони дигар маҳал. Бигзор мушт занаду мушт хӯрад ва ҷасур калон шавад. Дар ҳар хона агар як фарзанди ҳалиму муаддаб аст, бояд як бачаи гарданшаху муштзан ҳам бошад, то аз бародари ҳалими худ дар сурати зарурат дифоъ кунад...

Ростӣ ба ин ақидааш он рӯзҳо розӣ шудам ва ҳоло ҳам фикр мекунам, ки дуруст, ҳақ ба Толиб буд. Дар тӯли асрҳо ҳамин “меҳмондӯстӣ, сулҳпарварӣ, баодобӣ...” миллати моро мазлуму бечораву шикаста кардааст.

Бояд миллати силаҳшӯр, ҷангӣ ва сипоҳ буд. Бузургтарин шоири Аҷам Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар саросари Шоҳнома аз далериву ҷасорату силаҳшӯрӣ ҳарф мезанад!

Дар идораи “Имрӯзнюз” се ҳамкор бо насаби “Сангин” доштем:
Холиқи Сангин,
Толиби Сангин
Ва Акрами Санг.

Ба гумонам ҳар се нафар ҳам бо синну сол аз ман бузурганд, аммо ман, ки бо шӯхиву хушгӯиву хушгузаронӣ майле тамом дорам, чун ба толори корӣ меомадаму ҳарсе “Санг”-насабҳоро машғули кор медидам, беихтиёр механдидам... Ёди он лаҳзаҳо ба хайр.
28.12.2014 дар саҳифаи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб” ба ёди он рӯзҳо навишта будам:

БАРОИ ҲАМПЕШАВУ ҲАМТЕШАҲОЯМ: ХОЛИҚИ САНГИН, ТОЛИБИ САНГИН ВА АКРАМИ САНГ
Санг аст дили зиндагиву ман ғами сангам, 
Аз асри ҳаҷар ҳастаму аз олами сангам. 
Бо Холиқу бо Толиби Сангин шуда ҳамкор, 
Ҳамсанг шуда ҳамқадаҳи Акрами Сангам.

Инак, аз он мардони гаронсанг яке ба новақт кӯч бастаасту ба он корвони беохиру бебозгашт пайвастааст. Дилам месӯзаду ашк гулугирам мекунад. Зиндагӣ ҳамин аст, бо созишу бо ранҷишу бигӯ-магӯҳо мегузарад ва ногоҳ мебинӣ, ки оне, ки дирӯз дар канорат буд ва ҳеч дар зеҳнат мусибату афтодану рафтани ӯ намеомад, ногаҳон туро ва ин ҷаҳонро тарк кардааст...
Аммо боз ҳам Толиб ҷавон буд. Дареғи ҷавонияш...
Ёдаш гиромӣ боду номаш ҷовид.

Исфандиёри НАЗАР

Шояд шумо суол ё назаре доред?