Бо фармони Атамбоев садҳо тоҷикистонӣ шаҳрвандии Қирғизистонро қабул кардаанд

Президенти Қирғизистон бо содир кардани як фармон беш аз 2 ҳазору 400 нафарро ба шаҳрвандии кишвараш қабул кардааст, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон кам нестанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, Алмазбек Атамбоев, президенти ин кишвар 10-уми март дар бораи қабули шаҳрвандӣ ва лағви шаҳрвандии Қирғизистон ба имзо расондааст.

Тибқи фармонҳои ӯ 2 ҳазору 439 нафар шаҳрвандии Қирғизистонро қабул кардаанд, ки бештарашон қирғизҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон мебошанд. Зодагони Тоҷикистон бештар аз шимоли кишвар ва ноҳияи Ҷиргатол мебошад.

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон гуфтааст, ки қирғизҳо ба ватании таърихии худ баргаштаанд.

Ҳамчунин, бо қарори Алмазбек Атамбоев шаҳрвандии 1010 нафар лағв шудааст.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

О, бе хоҳиши ҳамин тоҷикистониҳо не ку!
Ман фикр мекунам, ки аксари онхо киргизхои Точикистон будаанд, хайр ба ватани бобоии худ рафта истодаанд агар шахрвандии Мугулистонро кабул кунанд бехтари кор мешуд. Мабодо, агар дар миёни онон точикон бошанд пас он афродро комилан аз хама гуна имконияти ичтимои то ба хадди сафари дубора ба Точикистон бояд махрум кард.
Пешво барои авлодаш пешво мешаду халос

Шояд шумо суол ё назаре доред?