БМТ: Сатҳи таваррум ба 2,5% баробар шуд

Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки сатҳи таваррум дар интиҳои моҳи апрели соли ҷорӣ 0,4%-ро нишон дод.

Ба ҳисоби масъулини Бонки миллӣ, нишондиҳандаи мазкур аз оғози сол 2,5%  ва дар зарфи 12 моҳи охир 5,3 фоизро ташкил дод.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли равон 9,0 фоизи солона муқаррар карда шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?