"Биёед, ҷаҳонро аз шарри ваҳҳобият халос кунем!" дар рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс"

Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

Машҳуртарин рӯзномаи ИМА "Ню-Йорк Таймс" (New York Times) мақолаи вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зарифро имрӯз рӯи чоп овардааст, ки  "Биёед, ҷаҳонро аз шарри ваҳҳобият халос кунем!"  ном дорад. Матни пурраи мақола, ки дар расонаҳои эронӣ низ нашр шудааст, чунин аст: 

"Ин рӯзҳо ширкатҳои равобити умумӣ ва таблиғотии ғарб, ки ибое аз дарёфти дулорҳои нафтӣ надоранд, фурсати бесобиқае барои расидан ба даромадҳои ҳангуфт ёфтаанд. Ҷадидтарин пружаи таблиғотии онҳо ин аст, ки моро мутақоъид созанд, ки Ҷабҳатуннусра — шохаи Алқоъида дар Сурия, дигар вуҷуд надорад ва ҳамон гуна ки яке аз сухангӯёни Ҷабҳатуннусра дар шабакаи CNN эълом намудааст, ин гурӯҳ тағйири ном дода, аз теруристҳои Алқоъида ҷудо шуда ва “мӯътадил” гаштааст.

Ин гуна таъассуб ва кӯтаҳфикрии ҷоҳилиятро ба унвони чашмандози равшане барои қарни 21 арза медоранд. Лекин мушкили муштариёни сарватманди ин муассисоти таблиғотӣ, ки ғолибан саудиҳое ҳастанд, ки Ҷабҳатуннусраро ҳимояти густардаи молӣ мекунанд, ин аст, ки асноди мавҷуд дар хусуси сиёсатҳои вайронгари онон қобили ислоҳ, дасткорӣ ва ҳазф нест. Агар то кунун ибҳоме вуҷуд дошт, аммо алъон саҳнаҳои пахшшуда аз гардан задани як писарбаччаи 12-сола тавассути ин ба истилоҳ “мӯътадилон”, намоиши дилҳираоваре аз воқеияти мавҷуд аст.

Аз ҳамлаи теруристии 11 сентябри соли 2001 то кунун, ваҳҳобияти ҷангталаб чанд бор тағйири чеҳра дода, аммо дар идеулужӣ ва машйи бунёдии он тағйире ҳосил нашуда — хоҳ ин гурӯҳ Толибон бошад ё шохаҳои бозтавлидшудаи Алқоъида ва ё аносури ба истилоҳ “Давлати Исломӣ,” ки на давлат аст ва на исломӣ. Милюнҳо нафар, ки қасоватҳои Ҷабҳатуннусраро таҷриба кардаанд, достони сохтагии ҷудоии Ҷабҳатуннусра аз Алқоъидаро бовар нахоҳанд кард. Савобиқ нишон медиҳад, ки талош барои татҳири Ҷабҳатуннусра бо ин ҳадаф сурат мегирад, то ирсоли дулорҳои нафтӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия, ки то қабл аз ин бо шеваҳои пинҳон сурат мегирифт, дар оянда ба таври аланӣ ва ошкор анҷом пазирад ва ҳатто бархе давлатҳои ғарбиро васваса намояд, то аз ин ба истилоҳ “мӯътадилон” ҳимоят намоянд. Ҳузури ғолиби Аннусра дар иттиҳоди феълии мухолифини давлати Сурия дар Ҳалаб, воқеиятест, ки тамоми ин таблиғотро мардуд месозад.

Талоши Арабистони Саудӣ барои мутақоъид сохтани валинеъматони ғарбиаш ба ҳимоят аз сиёсатҳои кӯтаҳбинонааш, бар мабнои ботил устувор шуда, ки фурӯ бурдани ҷаҳони араб дар ошӯби бештар, ба наҳве ба Ҷумҳурии Исломии Эрон зарба мезанад. Ин таваҳҳум, ки бесуботии минтақа ба “маҳор”-и Эрон кӯмак хоҳад намуд ва ё душмании иддаъоӣ байни шиъа ва суннӣ ба даргирӣ дар минтақа доман задааст, бо ин воқеият дар тазодде ошкор аст, ки ҳавлноктарини хунрезиҳо дар минтақаи мо ба далели куштори бародарони араб ва суннӣ тавассути ваҳҳобиҳо шакл гирифтааст.

Дар ҳоле ки ифротиюн бо ҳимояти арбобони сарватманди худ ба куштори масеҳиён, язидиҳо, шиъён ва соири “муртаддин” машғуланд, вале дар воқеъ ин арабҳои суннии кишварҳои минтақа ҳастанд, ки бештарин хасоратҳоро аз сӯи ин тафаккури содиротии нафрат таҳаммул кардаанд. Дар воқеъ имрӯз на ихтилофи мавҳуми торихӣ миёни шиъён ва аҳли суннат, балки муқобилаи ваҳҳобият ва шариати ростини ислом дар ҷараён аст; муқобилае, ки натоиҷ ва осори амиқе дар минтақа ва дигар нуқоти ҷаҳон бар ҷой хоҳад гузошт.

Тардиде нест, ки ҳамла ба Ироқ ба сардамдории Омрико дар соли 2003 даргириҳоеро, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем, ба роҳ андохт ва ташдид намуд; лекин омили умдаи хушунат идеулужии нафратафкани ваҳҳобият ва мавриди ҳимояти Арабистони Саудӣ будааст, гарчи ин амр то воқеаи 11 сентябри 2001 аз анзори ғарбиҳо мағфул монда буд.

Шоҳзодагони Риёз мустаъсалона мекӯшанд, то минтақаро ба шароити даврони ҳукумати Саддом Ҳусайн дар Ироқ бозгардонанд; шароите, ки дар он як саркӯбгари золими дастнишонда, бо ҳимояти молии аъроби минтақа ва ғарбиҳои хушхиёл бо таҳдиди мавҳуми эронӣ муқобила мекард. Аммо онҳо бо як мушкили асосӣ рӯ ба рӯ ҳастанд: Саддом муддатҳост, ки мурда ва соати замонро наметавон ба ақиб кашид. Ҳар чӣ зудтар ҳокимони саудӣ бо ин воқеият канор биёянд, ба нафъи ҳама хоҳад буд. Воқеиёти ҷадиди минтақаи мо ҳатто метавонад пазирои Риёз бошад, агар саудиҳо машйи феълии худро тағйир диҳанд.

Манзур аз тағйир чист? Тайи се даҳаи гузашта Риёз даҳҳо милёрд дулор барои судури ваҳҳобият аз тариқи ҳазорон масҷид ва мадрасаи динӣ дар саросари ҷаҳон ҳазина кардааст. Аз Осиё то Офриқо ва аз Урупо то Омрико ин ақидаи мунҳариф вайронии азиме бар ҷой гузаштааст. Ҳамон гуна ки яке аз ифротиюни собиқ дар Кузуву ба New York Times гуфт: “Саудиҳо бо пулҳояшон исломро дар ин минтақа (Болкон) комилан тағйир додаанд.”

Ваҳҳобият гарчи бахши бисёр ночизе аз мусалмононро ҷазб намуда, лекин осори бисёр вайронкунандае бар ҷой гузоштааст. Тақрибан тамоми гурӯҳҳои теруристе, ки аз номи ислом суистифода мекунанд (аз Алқоъида ва иншиъоботи он дар Сурия то Букуҳром дар Ниҷерия) мутаассир аз ин фирқаи маргбор будаанд.

Саудиҳо то кунун тавонистаанд бо истифода аз “барги Эрон” муттаҳидони худро ба ҳамроҳӣ бо нобихрадии худ дар Сурия ва Яман тарғиб кунанд. Ин вазъият бидуни тардид тағйир хоҳад кард; чаро ки имрӯз ҳимояти мустамирри Риёз аз ифротигарии ҷангталаб, бутлони иддаъои саудӣ ба унвони нерӯи суботофаринро ба исбот расондааст.

Ҷаҳон дигар наметавонад наззорагари куштори на танҳо масеҳиён ва шиъён, балки сунниҳо тавассути ваҳҳобиҳо бошад. Дар шароите, ки ошӯб бахшҳои зиёде аз Ховари Миёнаро фаро гирифтааст, ин хатари бузург вуҷуд дорад, ки чанд нуқтаи босуботи боқимонда низ дар даргирӣ байни ваҳҳобият ва аҳли суннат дучори бесуботӣ гарданд.

Лозим аст иқдоме ҳамоҳанг дар Созмони Милали Муттаҳид бо ҳадафи қатъи ҳимояти молӣ аз идеулужиҳои мубтанӣ бар нафрат ва ифрот сурат гирифта ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар расидагӣ ба мавзӯи конолҳои ирсоли пул ва аслиҳа ба теруристҳо фаъолтар амал намояд. Дар соли 2013 раисиҷумҳури Эрон, дуктур Ҳасани Руҳонӣ, пешниҳоди ҷаҳони орӣ аз хушунат ва ифротигариро ироа намуд. Зарурист Милали Муттаҳид бар он асос, ба барқарории гуфтугӯи густардатар байни адён ва мазоҳиб ба манзури муқобила бо ин асабияти хатарноки қуруни вустоӣ иқдом намояд.

Ҳамалоти ахир дар шаҳрҳои Нис, Порис ва Бруксел бояд дунёи ғарбро мутақоъид сохта бошад, ки таҳдиди саммии ваҳҳобиятро набояд мавриди ғафлат қарор дод. Баъд аз соле, ки ҳар ҳафтааш мамлув аз ахбори фоҷеабор буд, лозим аст ҷомеаи ҷаҳонӣ даст ба иқдоме фаротар аз ибрози инзиҷор, нороҳатӣ ва таслият бизанад. Он чӣ имрӯз бад-он ниёзмандем, иқдоми амалӣ алайҳи ифротигарӣ аст.

Гарчи бештари хушунатҳои эъмолшуда бо суистифода аз номи ислом реша дар ваҳҳобият дорад, лекин ба ҳеч унвон пешниҳод намекунам, ки Арабистони Саудӣ наметавонад бахше аз роҳи ҳал бошад. Комилан баръакс, мо аз ҳокимони саудӣ мехоҳем таблиғоти мубтанӣ бар иттиҳом ва ҳаросро раҳо намуда ва бо соири аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар аз байн бурдани офати теруризм ва хушунат, ки ҳамаи моро таҳдид мекунад, ҳамкорӣ кунанд".

Назарҳо

Шарри пайравони ташаюъ дар чашми ого наметобида бошад чи??Он кадар палидиву филосиву зишти аз ин кавм берун шудааст аз пайдоишашон то имруз ки хоччат ба овардани далел нест.Дар Шом Ирок ахли ташаюъ мисли Асаду Сиистони ба катлу тачовузи ахли суннат пардохтаанд ки таърих мислаш ёд надорад Ин хама чаро ба чашми ишон наменамояд.Бадтарин ва бузургтарин шар дар чахон ин шарри равофиз аст на вахобият

Шояд шумо суол ё назаре доред?