Бинои нави “Амонатбонк” дар маркази Душанбе бо қарзи Чин сохта мешавад

Бинои нави бонки давлатии “Амонатбонк” дар маркази шаҳри Душанбе бо маблағи қарз аз Бонки рушди Чин сохта мешавад.

Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” 14-уми июл ба хабарнигорон гуфт, ки барои бунёди бинои нави бонк аз Бонки рушди Чин ба ҳаҷми 96 миллион сомонӣ қарз гирифтаанд. Бояд дар давоми ду сол ин бино сохта, ба истифода дода шавад.

13-уми марти соли равон ба бунёди бинои мазкур бо гузоштани санги асос Президент Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида буд. Бояд ин бино соли 2017 ба истифода дода шавад.

Бинои нав, тибқи лоиҳа, аз 10 ошёна, бо 180 утоқи корӣ, 20 утоқи машваратӣ, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, конференсзал барои 100 нафар, ошхона ва тавақкуфгоҳи зеризаминии 2-ошёна иборат хоҳад буд. Дар маҷмӯъ бинои нав барои фаъолияти 750 нафар кормандон бо шароити мусоиди корӣ пешбинӣ шудааст.

“Амонатбонк” ҳудуди 3 ҳазор коргар дорад, ки дар 75 филиали вилоятиву минтақавӣ, 513 маркази хизматрасонии бонкӣ, 223 нуқтаи интиқоли маблағҳо, 52 нуқтаи мубодилаи асъор кор мекунанд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?