Беш аз 60% ҳодисаи 2 сентябри соли 1920-ро дар Бухоро “Фитна ва ғосибии болшевикҳо” медонанд

Беш аз 60 дар сад ҳодисаи 2-юми сентябри соли 1920-ро дар Бухоро фитна ва ғасби аморати Бухоро медонанд.

Дар ин бора натиҷаи назарсанҷии ахири “Нигоҳ”, ки дар сомонаи Ожонси иттилоотии “Тоҷнюс” баргузор кардааст, далолат мекунад.

Дар ин назарсанҷии виртуалӣ ҳазору сад нафар аз истифодабарандагони сомонаи мазкур ширкат доштанд.

Онҳо ба саволи “Ҳодисаи 2-юми сентябри соли 1920 дар Бухороро чӣ гуна қабул доред?” посух додаанд. Дар посух ба ин савол 61 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд: “Фитна ва ғасби Аморати Бухоро аз ҷониби болшевикҳо буд”.

Ин дар ҳолест, ки 21 дар сад ҳануз ҳам ба фарзияи замони ҳукумати шӯроҳо, ки ҳодисаи мазкур воқеан инқилоби меҳнаткашон будааст, бовар доранд.

Онҳо дар посух ба ҳамин савол гуфтаанд: ҳодисаи 2-юми сентябри соли 1920 дар Бухоро“Инқилоби мардумони меҳнаткаш буд”.

17 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, умуман дар ин бора маълумот надоранд ва ҳамагӣ 1 дар сади ширкатдорони ин пурсиш гуфтаанд, ки мавзуи мазкур барояшон фарқе надорад.

Назарсанҷӣ аз 8-ум то 15 –уми сентябри соли ҷорӣ дар сомонаи ожонсӣ идома дошт ва дар он аз як компютер танҳо як маротиба овоз додан мумкин буд. .

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?