Бензин дар Душанбе то 60 дирам арзон шуд

Дар як ҳафтаи охир нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт то 60 дирам ҳудуди 10% арзон шудааст.

Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории мансуб ба ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон”, ки дар пойтахт ҷойгиранд, 1 литр бензини навъи АИ 92 5 сомонию 80 дирам, 1 литр бензини навъи АИ 92 "Ҷидрайв" 5 сомонию 95 дирам ва  1 литр бензини навъи АИ 95 6 сомонию 20 дирам фурӯхта мешавад.

Аз 16-уми ноябр нархи сӯзишвории бензини навъи АИ 92 дар нуқтаҳои фурӯш то 6 сомонию 40 дирам ва 1 литри ҳамин навъи бензини "Ҷидрайв" 6 сомонию 65 дирам, нархи 1 литр бензини навъи АИ 95 - 6 сомонию 90 дирам фурӯхта мешуд.

Аммо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории берун аз пойтахти "Газпромнефт-Тоҷикистон" тамоми маҳсулоти сӯзишвории зикршуда аз 10 то 20 дирам гаронтар фурӯхта мешуд.

Дар дигар нуқтаҳои фурӯш нархи бензин то 10-15 дирам арзонтар аст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки қимати як бушка нафт дар се-чор моҳи охир аз 110-114 доллар ба 60-62 доллар поин рафта, тамоюли пастшавии он пешгӯӣ мешавад.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?