Беқадрии мусофири Tajik Air дар Бишкек

Пойгоҳи иттилоотии Zanoza.kg бо интишори як матлаб ҷузъиёти нишасти изтирории ҳавопаймои Tajik Air –ро шарҳ додааст.

Директори Агентии ҳавопаймоии Қирғизистон Эрмак Омуралиев ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки мушкилот дар муҳаррики ҳавопаймо буд. Он ба ҳаво хест. Вале халабон пай бурд, ки дуруст кор намекунад. Ин буд, ки ҳавопаймо ба замин нишонд. Агентӣ санади рӯйдодро тартиб дод. Мо ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён гузоштем. Дар посух Душанбе ҳавопаймои дигар фиристод. Дар ибтидо мо гумон кардем, ки ин тайёра мусофиронро аз фурудгоҳи “Манас” ба Душанбе мебарад, вале баъдан фаҳмидем, ки он қисми эҳтиётӣ ва таъмиргар овардааст ва қасди мусофир бурдан надорад”.  

Эрмак Омуралиев гуфтааст, ки бо вуҷуди талошҳои мо мусофирон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Мо бо намояндагони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мулоқот кардем, онҳоро гуфтем, ки назди мусофирон раванд ва сабабҳои ин рӯйдодро фаҳмонанд. Вале онҳо аз дидор бо мусофирон дурӣ меҷустанд ва наздашон намеомаданд. Фурудгоҳ то ними шаб кор мекунад, вале мо бо умеди он ки тайёраи дуюм мусофиронро мебарад, як соат вақти кориро тамдид кардем.  Аммо фаҳмидем, ки вай онҳоро дубора пас ҳаргиз бурданӣ нест. Он вақт талаб кардем, ки масъалаи хӯрду хӯроки онҳоро ҳал кунанд.

Описание: http://zanoza.kg/lenta4/static/img/3x2.jpgМусофири Tajik Air: Одамон фарёд мезаданд ва дуо мекарданд. Мо хеле  шонси ками зинда мондан доштем  

Субҳи имрӯз Тоҷикитсон ҳавопаймои дигар, тайёраи сеюми "Боинг-300" –ро фиристод ва соати 8:30 онҳоро ба Душанбе бурд. 

Бино ба гуфтаи Эрмак Омуралиев ҳавопаймои хароб ҳоло дар фурудгоҳи “Манас” аст ва мегӯяд танҳо замоне, ки замонати бахши амниятии Tajik Air ба ин ҳавопаймо иҷозат хоҳанд дод, ки ба Душанбе парвоз кунад. 

 

Назарҳо

Худоро шукр.Худо аз ин бад накунад....

Шояд шумо суол ё назаре доред?