Барзу Абдураззоқов: ”Моро худиҳо “филтр” мекунанд” (матни комил)

Суҳбати ихтисосӣ бо Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театр

Дар арафаи 7 ноябр - Рӯзи театри тоҷик “Нигоҳ” бо шинохтатарин коргардони театрии кишвар суҳбат орост. Нахуст аз ӯ, ки барои чанд рӯз аз Бишкек омадаву аввали рӯзи душанбе Душанберо ба қасди Санкт-Петербург тарк гуфт, аз ҷойгоҳи театр дар ҷомеаи Тоҷикистон пурсидем:

- Устод, алорағми он ақида, ки театр баъди ихтироъи синамову телевизион тадриҷан аз байн хоҳад рафт, баъди 90 сол, на танҳо дар кишварҳои мутамаддину иқтисодашон қавӣ, балки дар кишварҳои дар ҳоли рушду иқтисодашон заъиф ҳам, муҳимтарин ҷузъи ҳаёти фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Қимати билет ва толорҳои пуртамошобин дар Олмотиву Маскаву Екатеринбуг ва  Киеву Бокуву Бишкек худ аз ин шаҳодат медиҳанд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Аз нигоҳи Шумо, чӣ ҷойгоҳу нақше дорад театри тоҷик дар ҷомеаи кунунии мо?

- Омилҳои рушду рукуди театр, албатта, мухталифанд, аммо вақте дар бораи театр мулоҳизаронӣ мекунем, фаромӯш мекунем, ки ба театр одамони ҳамин ҷомеа кор меоянд. Онҳо аз ҳамин кӯчаву маҳалҳои мову шумоянд. Ҳамон мушкилоти иҷтимоиро доранд, ки ҳамаи ҷомеа дорад: бебарқӣ, маоши ночиз, беманзилӣ, камхониву имконоти маҳдуди омӯзиш. Театр бахше аз ҳаёти ҳамин ҷомеа аст. Агар мегӯянд, ки театри тоҷик гирифтор аст ва воқеъан ҳамин тавр ҳам ҳаст, фаромӯш накунем, ки педагогика, тиб, журналистика низ ҳамин аҳволи буҳрониро доранд. Ҳоли иқтисод, хоҷагии қишлоқ ва адабиётамон хубтар, ки нест. Ҳоли куллашон хароб. Ин ҳолат, пеш аз ҳама, баёнгӯи муносибати ҳукумат ба ин соҳаҳо ва сатҳу сифати идораи давлатӣ аст.

Театри тоҷик ҳоло на гирифтори буҳрон, балки агония ё назъи ҷон аст. Агонияи пеш аз марг. Аз як ҷониб, бар онам, ки аз ин вазъ набояд нигарон буд, зеро он марҳилаи театрӣ, он мактаб, ки оғозаш соли 1929 буд, бояд аз байн мерафт, чун нав нашуд, дақиқтараш, пайванди наслҳоро таъмин карда натавонист. Дар Маскаву Петербург, ки фаҳмиши давлатӣ буду шароит офарида шуд, наслҳои нави кордон рӯ заданд. Ҳар насли нав руҳу донишҳои нав овард. Тамоюлу “мӯдҳо”-и театрии нав шакл гирифтанд.Театр дигар гашт, дубора зиндаву моли мардум шуд.  Аммо дар Тоҷикистон чунин нашуд. Аз ҷониби дигар, аз ҳоли табоҳи театрамон андуҳгинам, зеро фаҳмиши роҳу шеваҳои эҳёи он эҳсос намешавад.

- Чӣ боис гашт? Чаро пайванди наслҳо дар театри тоҷик таъмин нашуд?

- Медонед, театр мисли артиш аст: иерархияву қонуниятҳои худро дорад. Маршалҳои театрӣ донишҳои худро ба генералҳо, генералҳо ба афсарони сатҳи миёна, афсарон ба сержанту аскарон медиҳанд. Иерархия, ки аз байн бурда шуд, театр мемирад. Театр кори дастии басо нозук аст: танҳо аз даст ба даст дода мешавад ва риояи қатъии интизомро тақозо мекунад. Мактабҳои театрӣ танҳо методологияи корро пешниҳод мекунанд, вале ҳунару малака дар худи театр сайқал меёбанд. Онҳое, ки метавонистанд санъати театриро ба дигарон диҳанд, солҳои 90-ум аз байн рафтанд: чанде кӯчиданд, хелеҳо бекор монданд, гуруҳе эътироф нашуданд. Дар афзалиятҳои давлат тарбияи кадрҳои нави театрӣ ва адабиёти ҷиддии ҷавобгӯ ба талабҳои замона набуд. Ин боис шуду пайванди наслҳо ба вуҷуд наомад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамон театри шуравӣ дар асоси анъанаҳои театрии тоинқилобӣ сохта шудааст. Мо медонем, ки Станиславский  ё Мейерхолд дар СССР таваллуд нашудаанд. Хуллас, дар Русия, ки сиёсати давлатӣ дар ин самт буд, машъали олимпӣ аз насл ба насл гузашту нобиғаҳое мисли Константин Богомолов, Кирил Серебренников ва дигарон сари кор омаданд.

- Шояд ҳамин буд, ки дар Русия даҳҳо театрҳои нав, аз ҷумла театрҳои эксперименталӣ ба вуҷуд омаданд?

- Бале, танҳо дар Маскав беш аз 300 театри нав ба вуҷуд омад.

- Наход ҳама чӣ аз шароит ва сиёсати ҳукумат вобаста бошад?! Бовари кас намеояд, ки мо аз русҳову қазоқҳову қирғизҳо камҳунартар бошем, ё ирсияте бадтаре дошта бошем дар тахайюли эҷодиву офариниши молҳои зеҳнӣ...

- Ҳама чӣ, албатта, аз шароиту сиёсати ҳукумат вобаста нест, аммо театр, ки серхароҷот аст, сахт вобаста аст. Барои фаъолияти гуруҳи эҷодӣ ё як лабораторияи театрӣ ҳадди аққал бинову толоре лозим аст. Дар шаҳрҳои мо ҳич шахсияте ё ширкате омода нахоҳад буд, ки биноеро ба ҳамчунин гуруҳҳо ҳатто иҷора диҳад, зеро аз мақомот метарсад.

Шикасти театри тоҷик омили дигар ҳам дорад: маро бубахшанд, аммо онҳое, ки мебоист машъали олимпиро ба ҷавонон медоданд, замонасозӣ карданд, обрӯи худро аз даст доданд,  майдабоз шуданд. Аксаран онҳо ба пироне табдил ёфтаанд, ки ниёз ба дилсӯзӣ доранду бас.

Замоне буд, ки Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова ва дигарон ба театр медаромаданду дили мо-ҷавонон ба шиддат метапид. Ҳоло чӣ? Баъди Ато Муҳаммадҷонов дигар касе намонд, ки вуҷудаш театрро дигар созад. Он ду-се тан бозигарони тавоно, ки мондаанд, дигар наметавонанд, ки муҳитро дигар кунанд. Баръакс, муҳит омили ҷиддии таъсир ба онҳо шудааст.

Театри қазоқу қирғиз ҳам мушкилоти худро доранд, ки мавзӯи баҳси дигар аст.  Ҳоло мекушем аз театри худамон ҳарф занем.

- Яъне, муҳит дигар созгор нест барои ҷавонон?

- Муҳити кунунии театри тоҷик ба ҳич ваҷҳ на! Худи ҷавононро инро хубтар медонанд.

- Мешавад гуфт, ки даҳҳо тан аз ҷавонони завқманди кулобиву хуҷандиву хоруғӣ шонси таъсиси гуруҳҳои эҷодиву театрҳои хурдро ба ин наздикиҳо надоранд, агар ҳатто хеле эҷодкору креатив ҳам бошанд?

- Бале, садҳо ва ҳазорон тан аз онҳо ин шонсро надоранд ва на барои он ки дар эҷоду нақшофаринӣ заъифанд, балки барои он ки низоми шинохт, омӯзиш ва тарбияи ҳамчунин кадрҳо дар мамлакат вуҷуд надорад. Институти санъат тавони шинохту роҳнамоии ҳамчунин кадрҳои ҷавонро надорад. Бе мактаб ва амалияи ҷиддӣ онҳо наметавонанд муваффақ шаванд. ГИТИС бо ин ки худ театр дорад, дар ихтиёраш 300 театри дигар ҳам дар Маскав дорад. Дар Теҳрон низ ба ҷавонон донишмандони фарҳехта дарс мегӯянду барояшон бозигарони барҷаста намуна аст. Дар Тоҷикистон кадом намуна (идеал) ҷавононони ҳушмандро ба театр ҷалб карда метавонад? Ҳоли коргардонҳову бозигарони Театри Лоҳутиро дида, аксари онҳо дилшикаста мешаванд, на руҳбаланд. Хеле аз онҳо намунаҳои бадро дида, фикр мекунанд, театру саҳна ҳамин аст. 

- Ин ҳамон воқеъиятест, ки  файласуф Жан Жак Бодриёр ишора мекунад: нусхаҳо ё копиҳое, ки худ намедонанд, ки нусхаанд, чӣ тавр асл меофаранд?

- Бале. Баъдан ҳоле, ки дабистону дабиристонҳои тоҷик доранд, наметавонад сабаби рушди эҷодкориву тафаккури креативӣ дар наврасону ҷавонон шавад. Барои мисол, мо гуруҳи эҷодии “Нигоҳи нав” дорем, вале он тақрибан ғояи креативию бозёфте надорад. Ин ки талош меварзанд хеле хуб аст, аммо... Аз ҷавонҳо мешавад Сом Ҷаводиро сифат кард, ки таҳсилкардаи Эрон аст, на аз мо. Фоҷиаи театр ва насли ҷавон ҳам ҳамин аст.

- Фикр мекунед, ҷомеаи тоҷик ин раванду тамоюлҳоро эҳсос мекунад? Ва оё омода аст ба ин ё он шевае вокуниш кунад, чун тани сиҳат аз худ рефлексия нишон диҳад?

- Бояд эҳсос кунад, зеро мо ҳуқуқи маънавии дарк накардани ин мушкилоту пайомадҳои бади онро барои даҳсолаҳои баъдӣ надорем. Айни ҳол, ҷомеаи мо моҳиятан дар марҳилаи дуюми “интихоби табии манфӣ” дар 100 соли ахир қарор дорад...

- Чаро маҳз дуюм?

- Марҳилаи якум аввали асри 20 буд, ки дар “Ҷаллодони Бухоро” –и Устод Айниву “Фитнаи инқилоби Бухоро”-и Муҳаммадҷони Шакурӣ тасвир ёфтааст. Он замон бо сабабҳои сиёсӣ аз ҳар ҷониб мардуми моро “полоиш” - филтр карда, беҳтаринҳояшро куштанд, чӯб заданд, сархам карданд. Сарзамини мо, ки истилову филтри мақдуниҳо, арабҳо ва муғулҳоро пушти сар карда буд, бори дигар тасарруф шуд. Инқилобу террори болшевикҳо то соли 1930 беҳтарин фарзандони миллати моро фаро гирифта, репрессияҳои сталинӣ то соли 1938 тақрибан кулли хату савод доштаҳоро дар ин сарзамин барҳам зад (хеле мутаасифам, ки мо танҳо миллатем дар ИДМ, ки ҳанӯз ҳам он саҳфаҳои мудҳишро дар таърихи хаттиамон ҷой надодем, санге канори мазорҳои он шаҳидон нагузоштаем, рӯзи хотираи онҳоро надорем, дуои дастаҷамъонае дар сатҳи миллӣ барояшон нахондаем).

Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳам аз мо хелеҳоро рабуд. Аммо “интихоби табии манфӣ”, ки бо ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) оғоз ёфт, ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти миллати мо, шуруъ аз маънавиёт то иқтисод, таъсири ҷиддитарин дошт. Маъмулан, бадхӯён рӯ заданду фаҳмишҳои зишти худро сари ҷомеа бор карданд, ахлоқу маънавиёт зери по шуд. Хеле аз онҳо кунун рафтанд, аммо миллат 20 сол боз натиҷаи фаъолияти онҳоро мечашад. Ҳамин аст, ки нафарони бесалоҳият ва камхонда ё умуман бесавод соҳибмансаб мешаванд. Фасоду маҳалпасрастӣ дар авҷ... Ҳамин аст, ки нафаре мисли Мирзошоҳрух Асрорӣ вазири фарҳанг таъин мешавад. Нафаре дур аз маърифату маданият, вале таъинкунандаи сиёсати давлат дар муҳимтарин самт.

Ё ҷомеаи мо ин ҳамаро дарк карда, ба истилоҳи шумо, рефлексия нишон медиҳад ё ҳоламон аз ин ҳам бадтар шуда, манқурт мегардем: ҷомеае бе ҳуввият, тудае бе наҷобат, қавме беномус, миллате бе хотираи таърихӣ ва дурнамои рушд.

- Оё ҷомеаи кунунии мо чунин тавонро дорад?

- Мо садҳо зарба ба вуҷуду коди фарҳангии миллатамонро пушти сар кардаем ва инро низ бояд бигзорем. Ва корро бояд аз ҳуввиятсозӣ оғоз кард. Ҳуввиятсозӣ бе маърифату маданият ғайриимкон аст. Вазифаи фарҳангиён дар ин марҳила талош барои миллатсозӣ аст. Аз одамоне, ки ҳамеша пазмони дастури “хуҷаин”, мунтазири Жуан-Жуан аст, бояд миллат сохт. То дар ҳар амалашон миллат эҳсос шавад, решаҳояш мисли ҷопуниҳо дар ҳар кирдорашон ҳувайдо бошад. Мо бояд ба худ суол диҳем, ки чаро дар ҳар моли ҷопунӣ, хоҳ “Тойота” бошаду хоҳ магнитофон, хоҳ робот бошаду хоҳ бозичае решаи ҷопунӣ эҳсос мешавад, аммо дар молҳои мо на? Чаро ҳоку, Акугатава, Киндзабуро бӯи Ҷопун мекунанд? Чӣ моле аз мо тоҷикият дорад? Чаро ин ҳама дар мо нест? Чунки моро ҳамеша бегонаҳо ҳадафмандонаю худиҳо аз кутоҳандешию худписандӣ “филтр” мекунанд. Мо дӯст дорем, ки аз анъанаву гузашта суҳбат кунему ифтихор дошта бошем. Аммо оё анъанаи театрӣ дорем? Надорем!

 Зеро ҳамон театри тоҷик дар замони Шӯравӣ ҳам интизори “хуҷаин” буд. Репертуараш аксаран инқилобӣ буду масъалаҳои миллиро танҳо дар қолаби мазҳака иҷоза медод. Ҳарчи дорем, “Ман духтареро вохӯрдам...” асту бас. Гурҷиҳо он замон ҳам дар театру синамо истиқлол доштанд, латишҳо доштанд, аммо мо надоштем ва бо дур карданамон аз империя, даступохӯрда шудем. Миллате, ки интизори дастури “хуҷаин” аст, наметавонад адабиёт, драматургия  ё театре дошта бошад, ки ҳадди аққал дар сатҳи минтақа бошад, чӣ расад ба сатҳи ҷаҳонӣ. Мардуме, ки интизори дастуру ҳидоятанд, маҳсули зеҳнии сатҳи миллӣ офарида наметавонад.

-Пас чӣ бояд кард? Тафаккури истеъсморзадаро чӣ гуна бояд рӯфт? Корро аз чӣ бояд сар кард?

- Аз фарҳангу маориф, вале на болои таҳкурсии шӯравӣ. Рӯи таҳкурсии шӯравӣ на адабиёти миллӣ сохта мешаваду на театри тоҷикӣ. Адабиёту театри шӯравиро дигар ҳифз карда намешавад. Онҳо мемиранд. Бояд ҳамчунин мақсад ва барномаи миллӣ таҳия шавад. Театрсозӣ биноҳои муҳташамсозӣ нест. Оё медонед, ки падари маро Осталский аз Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ, модарамро аз Донишгоҳи омӯзгорӣ, Ҳошим Гадоро аз Кӯлоб ба Маскав бурда омӯзониданд? Онҳо на русиро медонистанду на Маскавро. Маҳмудҷон Воҳидовро аз Ашт ба курсии сеюми донишгоҳ бурданд. Чаро? Чунки давлат мақсад гузошта, барномаи амал дошт ва хостаҳояшро ба таври системавӣ амалӣ мекард.

- “Нигоҳ” низ бар он аст, ки халқҳо ба воситаи адабиёт ба балоғат мерасанд, ба истилоҳ, пӯхта мешаванд. Инглисҳо ду садсола пештар дарди маҳалгароиро ончунон дар деги адабиёт ҷӯшониданд, ки аз он чизе намонд, кори айб шуд. Русҳо ватанпарастиро сад сол пештар тавассути адабиёт ба дараҷаи маданияти миллӣ расониданд, аммо мо тоҷикон дар асри 21 соле 30 роману 20 намоишнома, 10 филму 5 филми тасвирӣ ҳам эҷод карда наметавонем... Ҳич дарди миллиамонро ба истеҳзо накашидаву табобат накардаем.

- Ва наметавонем ҳам, зеро афзалиятҳои ҳукумат дигаранду интизориву хостаҳои ҷомеаи маданӣ дигар. Сари ин масъала бояд зиёд андеша ронду барномасозӣ кард. Он гоҳ вазъ дигар хоҳад шуд. То ҳар яки мо дигар нашавем, вазъ дигар нахоҳад шуд. Моро одат шуда, ки зидди чизе мубориза барем. Ҷониберо гунаҳкор таъин кунем: гоҳе Ҷанубу гоҳе Шимолро. Ин кори оқилона нест. Худсозиву миллатсозӣ бояд кард. Бо ҳаллу вал кардани сарватҳои миллӣ давлат сохта намешавад. Бо таъқиби дигарандешону озодфикрон низ.

- Устод Барзу, шумо аз онҳое ҳастед, ки дар ҷомеа ба ҳайси афкорсоз эътироф шудаед. Оё эҳсос мекунед, ки ташаббус дар ҷомеаи мадании кишвар нест шудан дорад? Ҳис мекунед, ки шаш - ҳафт моҳи ахир ташаббусҳои ҷиддие дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар намерасанд?

- Бале эҳсос мекунам. Ин натиҷаи дуру дароз сари қудрат шиштан аст. Ҳар ҳукумате, ки мехоҳад қудратро бардавом нигоҳ дорад, маҷбур аст ба зӯрӣ такя кунад. Ба зурӣ такя кардан, ҳукуматро аз мардум дуру заъиф мекунад, дер ё зуд.

- Худсозиву миллатсозиро аз чӣ бояд шуруъ кард? Чӣ бояд кард, ки тоҷикон ҳамасола ҳазорҳо маҳсули зеҳнӣ тавлид кунанд?

- Бояд барои мардум фикр кардан, андеша рондану озод сухан гуфтанро таъмин сохт. Ҳукуматдорон ҳич не, бояд мардумро ба ҳоли худашон гузоранд. Аз интиқод натарсанд, аз роману намоишномаҳо наҳаросанд. Дарк кунанд, ки эҷодкорӣ чӣ дар адабиёту чӣ дар наққошӣ, чӣ дар синамову театр ҳамеша эътироз аст! Эътироз ба унсурҳо, ба қолабҳои шахшуда, ба ҳукуматҳо ва ҳатто ба зиндагӣ. Муҳаррики эҷодиёт ҳамин аст, ки ба маъниофарӣ мебарад. Эҷодкоронро бояд таҳрик дод, на баръакс.

Аммо воқеъият ин аст, ки онҳоро баъзан меронанд. Барои ҳамин гуна фаъолият Ҳофизи Шерозӣ дурӣ аз ватанро орзу мекард. Румӣ, Камоли Хуҷандиву Фитрат, Мансури Ҳаллоҷ ва Айниро ёд биёред, ки замоне рондашуда буданд.

Ба эҷодкорон шароит бояд офариду озодӣ дод, на баръакс. Танҳо озодагон озодӣ фароҳам оварда метавонанд. Бардагон на қадри озодиро медонанду на ба қадри мардону занони озод мерасанд, агар ҳатто қудрат ҳам дошта бошанд.

 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

вечно недоволни Барзу
Эх Барзу - Барзу.....
Хамон пули чойхонаи харбузаро ба хамин бечорахо сарф мекардан мумкин чанд карата бо пас мегардондан. Ба сару либоси ин бечора нигох кунед рахматон меояд.Аз кучо онхо метавонанд филм офаранд.
Барзу мегуяд: "Маршалҳои театрӣ донишҳои худро ба генералҳо, генералҳо ба афсарони сатҳи миёна, афсарон ба сержанту аскарон медиҳанд. Иерархия, ки аз байн бурда шуд, театр мемирад. " Шукри Худо, ки театри точик бе шумо хам зинда аст ва нахохад мурд, вале шумо, падару модари шумо аз хамон "маршалу генерал"- хо нестанд магар???
Бобой Рустам ба хуму театри ободут худут кай рафтай? Рост мега, охи! Чиба як харфи хакиката шунавен зуд девона мешен? Наган?
A most ki bar most'.Rahmat ba padaru modaraton! Afsus ki ba gufti olimi anglis ''Dar jam'iyate ki zindagi mekuni dur az on shuda nametavoni""e in ki ""Dar bayni ablahon buda dar borai madaniyatu farhang sucahan kardan ablahist""Lekin in buzurgmardon ki naguyand chi chel isloh meshavem!?
Чаноби Барзу сад дар сад рост мегуянд!Хукуматдорон,аккалан халкро дар холи худ гузоранд!

Шояд шумо суол ё назаре доред?