Баррасии усулҳои ёрии паллиативӣ дар Тоҷикистон

30-юми октябр Конфросни байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи Инкишофи низоми  ёрии паллиативӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Ин конфронс бо иштироки намояндагони Академияи илмҳо, вазорати тандурустӣ, муассисаҳои тиббии кишвар ва намояндагон и Қирғизистону Гурҷистон ва Белорус барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин ҳамоиш муоивини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимов  дар бораи рушди ёрии паллиативӣ гуфт, ки он яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба шумор меравад ва айни замон ёрии паллиативӣ барои кӯдакон низ ба суръат рушд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар панҷ соли ахир барои рушди ёрии паллиативӣ кадрҳои махсусеро омода кардааст, ки онҳо метавонанд ба беморони музмину шифонопазир сари вақт ёрии тиббӣ расонанд.

Ёрии паллиативӣ, усули хидматрасонии тиббиест, ки барои беҳтар намудани вазъияти ҳаёти беморони шифонопазир ва аҳли оилаи онҳо, аз ҷумла ба бемории саратон, сил ва вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва ғайра равона шудааст.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?