Баррасии матбуот: Сӯги Суҳроб ва тавҳини Пайғамбар (с)

Даргузашти Суҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистонро бештари ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ба дард қабул карда, атрофи фаъолият ва шахсияти ӯ матлаб нашр кардаанд.

Аз ҷумла нашрияи мустақили “Озодагон” (№03, (358), аз 21-уми январи соли 2014) даргузашти Суҳроб Шарифовро талафоти ҳукумат, парлумон ва миллат номидааст. Ба андешаи муаллифи ин мақола коршиносон марҳумро забони ин давлат меномиданд ва дар лаҳзаҳои душвор ҳамеша бо мавзеъгирии худ аз ҳукумат пуштибонӣ мекард. Бо марги ӯ ҳукумат забонашро аз даст дод. Ин нашрия дар мақолаи дигараш навиштааст, ки ҳатто маргаш мардумро ба ҳам овард.

Умед Бобохонов, молики “Азия-плюс” бо нашрия як мақола бори аввал баъди даргузашти Суҳроб Шарифов расман иқрор шудааст, ки радиои “Азия-плюс” баъди чор соли даводавҳои беҳосил бо кӯмаки Суҳроб Шарифов соҳиби иҷозатнома шуд. Маҳз Суҳроб воқеъиятро ба Президент фаҳмонид ва Эмомалӣ Раҳмон баъди як суҳбати яксоата бо Умед бо ширкати марҳум Суҳроб иҷозат дод, ки ин радио дар фазои иттилооотии кишвар арзи вуҷуд кунад.

Тавҳини Паёғомбар дар Ғарб аз масъалаҳои дигаре аст, ки кормандони нашрияҳо талош кардаанд, бархӯрди мардум нисбат ба онро бозтоб кунанд. Роҳпаймоии Грозний барои дифоъ аз Муҳаммад (с) омили дигарбора ба ин мавзӯъ рӯ овардани нашрияҳо шудааст.

Дар робита ба ин ҳаводис ҳафтаномаи “Миллат” (№03, (489), аз 21-уми январи соли 2014)  аз коршиносон суол кардааст, ки чаро роҳпаймоии ҳимоят аз Паёмбар (с) маҳз дар Грозний баргузор шуд? Хуршеди Атовулло, сармуҳаррири “Фараж” посух додааст, ки “Неру ва нуфузе, ки лидери Чеченистон Рамазон Қодиров пеши Путин ва  ҷомеаи исломӣ дорад, ягон нафар роҳбарони ҷумҳуриҳои мусалмоннишин надоранд”. Ба андешаи коршинос Қосим Бекмуҳаммад “чеченҳо аз боҳуввияттарин ақвоми Қафқоз буда, ҷуръату ҷасораташон чӣ дар масоили миллӣ ва чӣ динӣ воқеъан мунҳасир ба фард аст.  Ба ин далел ҳатто як ҷанги хунину харобиовар натавонист иродаи ин миллатро заиф кунад”.

Дар мақолае бо унвони “Наҷотбахши башарият” дар ҳафтаномаи “Озодагон” фармудаи Бернард Шоу, андешаманди маъруфи аврупоиро зикр шудааст: “Ман ҳаёту зиндагии Муҳаммад (с)-ро омӯхтаам ва ба он ба хубӣ ошноям Ӯро ба ростӣ метавон наҷотбахши башарият номид. Ман метавонам ҳадс бизанам, ки Аврупо дар ояндаи наздик ба тадриҷ маҳву маҷзуби таълимоти Муҳаммад (с) хоҳад шуд ва онро бо дилу ҷон хоҳад пазируфт”.

“Наҷот”  (№04, (826), аз 21-уми январи соли 2014) суханони Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабириро иқтибос овардааст, ки мегӯяд: “Журналистони мо алайҳи он мақола ва китобҳое, ки онҳо менависанд, бояд дар бораи шиносонидани Пайғамбар (с) ва мактаби муътадилу инсонсози ӯ мақола нависанд. Агар то имрӯз накарданд, акнун вақташ фаро расид. Акнун вақти номуси мусалмонӣ фаро расид. Набояд мо байрақро ба дасти ифротгароҳо аз як тараф ва миллатгароҳои аврупоиву маҳаллии худамон аз тарафи дигар бидиҳем”.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?