Баррасии матбуот: Истирдодҳои пинҳонӣ, омори ҷурму ҷиноят дар кишвар

Ҳафтаи ҷорӣ мавзуъи интихобот, нафақаи ҳангуфти мансабдрони “маъюб”, омори ҷурму ҷиноят дар кишвар ва истирдодҳои пинҳонии мухолифон аз Русия дар матбуот бештар инъикос шудаанд.

Интихобот

“Озодагон” (№05 (361), аз 4-уми феврали соли 2015) дар мавриди интихоботи парламонии соли ҷорӣ навиштааст, ки он “фақат рӯи ин ҳарф мечархад: натиҷаи интихобот аз қабл пешбини шудааст ва ҳеч “сюрприз”-ро наметавон интизор шуд”. Ин нашрия дар гузориши дигари интихоботии худ суханони Муҳиддин Кабирӣ-Раиси ҲНИТ-ро нақли қавл кардааст, ки дар иртибот ба талоши вуруди занони “исёнгар” ба ҷаласа гуфтааст: “Ин бадтарин мусибати инсон аст, ки рақибаш номард бошад. Вале вақте дар майдон муборизаи ошкорро мебозанд ва ба ҳамин гуна корҳое даст мезананд, ки  воқеъан боиси хиҷолат аст”.

“Фараж” (№06 (427), аз 4-уми феврали соли 2015) аз коршиносонаш суол кардааст, ки Чаро фазои интихоботӣ гарм нест? Раҳматилло Зойиров-Раиси ҲСДТ гуфтааст, ки “худи иқлими боварӣ ё интихоботӣ дар ҳақиқат дар кишвари мо мавҷуд нест. Яъне, нобоварӣ зиёд аст. Аз ин ҷиҳат бисёр мардум писсимист шудаанд”.  Таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдулло Давлатов гуфтааст, ки “мардум медонанд, ки он ошкорбаёнии нисбӣ ва то дараҷае ба ҳарфи якдигар гӯш кардан, ки дар солҳои аввали оштии миллӣ буд, аз байн рафтааст”.

Муҳаммадҷони Нурӣ, номзад ба вакили парламон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар суҳбат дар “Наҷот” гуфтааст, ки “дар чеҳраи ҲНИТ рақиби ҷиддӣ ва аслиро мебинанд”.

“Азия-плюс” (№10 (993), аз 5-уми феврали соли 2015) хабар додааст, ки КМИР аз 22 танҳо 13 довталаби ҲСДТ-ро сабти ном кардааст. Ва дар хабари дигар омада, ки ҲХДТ 40 ҳазор нусха варақаи таблиғотӣ интишор додааст.  Ва ба навиштаи ин нашрия 150 нозири САҲА интихоботи Тоҷикистонро назорат хоҳанд кард.

Нафақаи мансабдорони “маъюб”

“Фараж” (№06 (427), аз 4-уми феврали соли 2015) бори дигар ба масъалаи нафақаи Амонулло Ҳукумов руҷуъ кардааст. “Ин анъана шудааст, ки баъди рафтани мансабдорон аз мақомашон камбудиҳову қонунвайронкуниҳояшон ошкор мегардад. То имрӯз нафақаи ҳангуфти 18 ҳазор сомонии Амонуллои Ҳукуматуллоро касе намедонист. Агар ба наздикӣ ягон мансабдор аз вазифа равад, шояд нафақаи 18 ҳазор сомонӣ як тараф, ҳатто 25000-сомониаш ошкор гардад. Охир тибқи маълумоти расмӣ беш аз 100 ҳазор нафар нафақаи маъюбӣ мегиранд, ки аз онҳо 1000 нафарашонро афроди мансабдор ташкил медиҳанд”.

Истирдодҳои пинҳонӢ, ҷурму ҷиноят дар кишвар

«Азия-плюс» (№10 (993), аз 5-уми феврали соли 2015) масъалаи шеваҳои истирдоди мухолифони давлати Тоҷикистон аз ҷониби давлатмардони Русияро ба чолиш кашидааст. Ба андешаи муаллиф Федератсияи Русия ҷиҳати ҳифзи минтақаи зери нуфузаш барои як кишвари Осиёи Миёнагӣ қарзҳои бисёрмиллиондоллараи худро мебахшад, барои дигаре шартҳои будубоши шаҳрвандонашро дар ин кишвар сода мекунад, аммо ба Тоҷикистон мухолифони давлатро, ки дар он қаламрав будубош доранд, боздошт мекунад ва месупорад. Ва аз санавишти чандин нафар аз чеҳраҳои саршиноси мухолифи давлати Тоҷикистон ёд мекунад, ки аз Русия нопадид мешаванд ва дар боздоштгоҳи Душанбе пайдо мешавнд. Инҳо Низомхон Ҷӯраев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Савриддин Ҷӯраев ва инак бо Мақсуд Иброҳимов. Ва ҳамаи ин афрод замоне бо як шева рабуда шудаву ба Душанбе истирдод шудаанд. Ва истинодан ба суханони Анна Савитская, вакили мудофиаи Искандаров ва Ҷӯраев овардааст, ки Русия на танҳо нисбат ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, балки барои сиёсатмадорони Ӯзбакистон низ ҳамин шеваро таҷриба мекунад.

“Чархи гардун” (№06 (962), аз 4-уми феврали соли 2015) истинодан ба суханони сардори шуъбаи назорати қонун дар муассисаҳои ислоҳӣ Раҷабалӣ Пираков хабар додааст, ки баъди қариб як сол муҳлати адои ҷазои Ёқуб Салимов ба анҷом мерасад ва ӯ ба озодӣ мебарояд. Дар ҳамин матлаб омада, ки тибқи омори прокуратураи генералӣ соли 2014 барои 40 мансабдори давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва 715 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

“Миллат” (№05 (491), аз 4-уми феврали соли 2015) мақолаеро аз Меҳдии Музаффарӣ, раиси Маркази мутолеъоти ислогароӣ ва ифротгароӣ Донишгоҳи Орхуси Дания интишор додааст, ки менависад: Ба се далел дин наметавонад пояи демократия бошад. Аввалан, “парламентаризми демократӣ қонунгузор аст ва Шӯрои муҳаммадӣ дар беҳтарин ваҷҳа машваратӣ аст. Дуввум асоси дин эътиқод аст ва пояи демократия бар қарордод. Ва сеюм, воҳиди дин муъмин аст ва воҳиди демократия шаҳрванд”.

 

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?