Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Тошканд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд мулоқот кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, дар мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Абдулазиз Комилов оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон табодули афкор сурат гирифта, мавзӯи ҳамкориҳои ду давлат дар ҳошияи СҲШ баррасӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати рушди фарогир ва мунтазами ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон ба ҳайси ҳамсояи наздиктарини худ, дар заминаи ҳусни эътимоди тарафайн манфиатдор аст.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?