Баррасии КАСА-1000 дар мулоқоти Раҳмон бо Жээнбеков

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон, ки бо сафарӣ корӣ дар Душанбе қарор дорад мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Қирғизистон, ки асоси онро робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстию ҳамҷавории бардавом ташкил медиҳанд ҳавасманд буда барои ба сатҳи сифатан нав расондани ин ҳамкорӣ аз тамому имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Тавре таъкид шуд, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 дар муносибатҳои минтақавии байнидавлатӣ, бахусус дар раванди рушди ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши созанда гузошта барои таҳкими муносибатҳои дӯстона дар дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаҳои созгор фароҳам меоварад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорату савдои байнидавлатӣ, истифодаи пурраи имконоти нақлиётиву транзитии ҳар ду давлат ва иштироки фаъол дар раванди таъмини амнияту бехатарии минтақавӣ изҳори назар карданд.

Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон ҳайати Ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ мекунад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?