Барнома барои ошкор кардани занги “номерҳои махфӣ” барои телефонҳои ҳамроҳ

Барномасозон барномаҳои телефониеро эҷод кардаанд, ки рақамҳои махфӣ, маконе, ки аз он ҷо занг мезананд, ҳатто номи нафари ҷониби дигарро муайян кунад.

Ин барномаҳо бидуни пайваст шудан ба интернет метавонанд рақамҳои сиррӣ, номи соҳиби симкорт ва маконе, ки аз он ҷо “дӯстон” занг мезананд, майян кунанд. Ин барномаҳо “Mobile Number & Phone Location” ва “WorldCallPlaceAndTime” ном доранд, барои истифодабарандагони телефонҳои ҳушманд дастрас мебошанд.  

Корбарони телефонҳои ҳамроҳ метавонанд бо насби ин барнома тамоми маълумоти заруриро дар бораи шумораи телефоние, ки ба онҳо занг мезананд, ҳатто номи аслии шахсоне симкорт, ки ба номашон сабт шудааст, маконе, ки аз он занг мезананд,бидуни пайвастан ба Интернет  маълум кунанд.

Инчунин, насби “WorldCallPlaceAndTime” ба корбарони смартфон имкон медиҳад, ки номи деҳа, шаҳр, вилоят ва кишвари зангзанандаро бидуни пайвастан ба Интернет маълум кунанд. Ва имкон пайдо мекунанд, ки макони тамоми зангҳои баромад ва даромади худро аз ҳар давлате, ки бошанд, муайян кунанд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

бехтарин барнома офарин !!!
ворлд корполасеАнд таймс

Шояд шумо суол ё назаре доред?