“Барқи тоҷик” ба муносибати соли нав танҳо як рӯз лимити барқро лағв мекунад

Оғози соли нави мелодӣ барои як рӯз лимити барқ дар саросари кишвар бардошта мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба TojNews гуфт, ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ лимити барқ аз шоми 31-уми декабр то шоми 1-уми январ, якшабонарӯз лағв карда мешавад.

Ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо аз моҳи октябр то моҳҳои март-апрел дар Тоҷикистон лимити нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. 

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?