Барҳам хурдани боз 3 ташкилоти қарзӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллӣ 3 ташкилоти қарзиро муттаҳид карда, як ташкилоти дигарро пурра барҳам дод.

Дафтари матбуоти БМТ мегӯяд, ташкилотҳои қарзии “Мадина ва ҳамкорон”, “Рушди занон” ва “Кишоварзон” якҷоя шуда, минбаъд бо номи ташкилоти қарзии “Мадина ва ҳамкорон” фаъолият хоҳанд кард.

“Дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии “Рушди занон” ва “Кишоварзон”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шуда буд, бозхонд гашта, қарори Раёсати БМТ аз 13.11.2015, №252 дар бораи ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” аз эътибор соқит дониста шуд.”

Ҳамчунин бо як қарори дигар худ Бонки миллӣ ташкилоти қарзии “Даҳана”-ро дар асоси дархости ин ташкилот барҳам дод.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?