Барқарор кардани "бокирагӣ" дар Исфара бар ивази 3 ҳазор сомонӣ

Як духтури занҳо дар шаҳри Исфара бо гирифтани маблағ бакорати духтаронро барқарор мекардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин духтур 61 сол дошта, “бо роҳи тамаъҷӯи аз зани 20-солаи сокини шаҳри Исфара барои барқарор намудани пардаи бокирагиаш маблағи 3000-сомонӣ “мукофотпулӣ” гирифтааст”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби ин духтурро ифшо накардааст. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ қарор дошта, нисбат ба ин амалаш парванда боз шудааст.

Ин духтури 61-сола дар ҳоле боздошт мешавад, ки қонунгузории кишвар  барои баркарор кардани пардаи бакорат танҳо дар ҳолати садама гирифтани он иҷозат медиҳад.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Мухтарам Точнюс. Ташаккур барои мавод. Мехостам дар як масъала бо кумаки коршиносон рушани андорзед в аба мо ёрдам кунед. Оё баркарор крадани бокираги чиноят хисоб мешавад. Он дар Конун чи тавр чойгох дорад? Магар баркарор кардани бакорат як нав хидматрасонии тибби хисоб намешавад. Ман чанбаи динии онро дар назар надорам. Аз назари конуни Точикистон. Зеро макомот аз хамин назар нигох мекунанд аз назарик онун Хаминро мефахмондед илтимос ё ягон мутахассис мефахмонд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?