Бархӯрди қатора дар Олмон ҳудуди 100 захмӣ ва чанд қурбонӣ ба ҷой гузошт

Дар натиҷаи бархӯрди ду қатор дар наздикии устони Бад-Айблинг, воқеъ дар Баварияи Олмон аз 100 то 150 тан захм бардошта, 8 тани дигар ҷон додаанд.

Тибқи хабарҳои то ин дам расонаишуда вазъи 15 тан вахим қарор дошта, вазъи 40 тан вазнин арзёбӣ мешавад.

Бархӯрди ду қатор соати 6:48-и субҳи имрӯз, 9-уми феврал ба вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст. Якчанд вагон аз роҳ берун шудаанд.

Ба ҷои ҳодисаи имдодгарон, кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ, табибони ёрии таъҷилӣ аз минтақаҳои ҳамсоя ҳозир шудаанд. 8 чархбол низ барои кӯмак хидмат мерасонанд, ки захмиҳоро ба беморхонае ба Мюнхен мерасонаннд.

Ронандаи яке аз локомотивҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, ронандаи дуюм дар ҷустуҷӯи пулис қарор дорад.

Ҳаракати қатораҳо дар минтақа муваққатан қатъ шуда, сабаби руй додани садама таҳқиқ мешавад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?