Баргузории Рӯзҳои дарҳои кушод дар масоҷиди Фаронса

Шӯрои мусалмонони Фаронса қасд доранд, ки дар моҳи январи соли 2016 Рӯзҳои дарҳои кушод дар масҷидҳои ин кишвар эълон намоянд.

Ануар Кбибеш, раҳбари мусалмонони Фаронса гуфтааст, ки 9-ум ва 10-уми январи соли оянда дари тамоми масҷидҳои Фаронса барои мардум боз хоҳад буд. Ин тасмим ба хотири ҷонибдорӣ аз ҳамзистии мусолиатмонез ва мубориза бо амалҳои ифротӣ ва бадномкунии ислом гирифта шудааст.

Ин амалро алакай дар бархе масҷидҳои Фаронса таҷриба кардаанд, ки ба гуфтаи Ануар Кбибеш натиҷаи хуб ҳам дорад. Мардум аз ислому масҷид огоҳие пайдо мекунанд. Акнун қасд доранд, ки ин иқдомро дар сартосари Фаронса роҳандозӣ кунанд.

Ануар Кбибеш мегӯяд, дар ин рӯзҳо ходимони масҷидҳо вазифадоранд, ки ба тамоми суолҳои боздидкунандагон посух диҳанд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?