Баргузории Рӯзҳои дарҳои боз дар масоҷиди Фаронса

Ба дунболи боздиди президенти Фаронса аз масҷиди ҷомеъ ҳазорон тан сокинон вориди ибодатгоҳҳои мусалмонон шуданд.

Рӯзи шанбеи гузашта ҳазорон нафар сокинони шаҳри Порис ба масҷиди ҷомеъи пойтахти Фаронса боздид ва бо мусалмонон, имом-хатибон ҳамсуҳбат шуданд. Бино ба гузориши “Ал-Ҷазира” ин масҷид куҳнатарин ибодатгоҳи мусалмонони Порис  аст, ки соли 1926 мақомоти фаронсавӣ ба ба хотири ширкати пайравони ислом дар Ҷанги аввали ҷаҳонӣ ва корномаҳои онҳо бахшидаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, аксари онҳое, ки ба масҷид бори аввал омаданд, ин таърихро намедонистанд ва ҳатто дар бораи корномаҳои ҷангии мусалмонон дар он солҳои мудҳиш нашунида буданд.

Рӯзи даҳуми январ президенти Фаронса Франсуа Оланд низ аз ин масҷид дидан карда буд.

“Мо мехоҳем нишон диҳем, ки Ислом дини ошкор ва барои ҳама дастрас аст ва умумияте бо экстремизм ва терроризм надорад. Онҳое, ки бегуноҳон, пирону занону тифлонро бо роҳандозии амалҳои террористӣ мекушанд, аз Ислом нестанд, балки ҷинояткоронанд, ки дар миёни ҳама ақвом ва пайравони дину оинҳо вуҷуд доранд”,- гуфтааст сарвари ҷамъияти мусалмонони Фаронса Анвар Кбибеш.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки ба касоне, ки рӯзҳои истироҳат ба масҷид омаданд, чой ва ширинӣ пешкаш шуд. “Дар ин рӯз талош кардем онҳоро бо асли Ислом ва ҳадафҳои инсонсози он ошно созем”.

Ду рӯзи истироҳат наздик ба 2600 масҷиди Фаронса дарҳои худро ба рӯйи касоне боз карданд, ки мехостанд бо фаъолияти масоҷид, Ислом ва пайравони он аз наздик ошно шаванд.

Имрӯзҳо хеле аз сокинони Фаронса ислом ва терроризмро яке мепиндоранд ва имом-хатибон тасмим гирифтаанд барои раҳоии тафаккури исломситезӣ рӯзи дарҳои бозро созмон диҳанд, то тавонанд бо мардум ошкоро дар бораи оини муҳаммадӣ суҳбат кунанд.  

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?